Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Зўр ояд, дигар чиз ҳам диҳанд...
Дандонҳои Ёрмуҳаммад афшурда шуданд. Як зўри ба хонаи танг даромада, ўро то лахту пора кардан зад. Ду камони найзадор ба сари синааш мехосо халиданд.
— Онҳо тан намедиҳанд… муттаҳамҳо!
Ва баробари камонҳоро пас кашидан ба зўри вазн пеш омад, пешониаш ба болодарӣ зада бозистод.
— Чунин пешониат ба девори лаҳад занад, ба худ меоӣ.
— Хубтар аз он аст, ки сухани бўйини ту баддаҳонро шунавам!
Маро бубар пеши бекат!
— Бек вақт надоранд, сари ёрони туро гиранд.
— Ё Алӣ!!! – аз дар баромад, бо ду даст онҳоро дошта, ба ҳам зад, вале онҳо, ки аввал суст буданд, камонҳоро афканда ба ў часпиданд. Ба замин хобонда натавонанд ҳам, кўшиш доштанд, ки аз даст раҳо накунанд.
— Ту бо кӣ бозӣ карданатро надонӣ, бачча... Донӣ, ки кист Ҳомидбек? Фиристодаи Саидаҳмадхоҷа. Донӣ, ки кист Саидаҳмадхоҷа? Мири Масчоҳ. Донӣ, ки боз кист? Намояндаи ислом!
Боз чӣ донистан хоҳӣ?
Бо зўрӣ дастони ўро пушт гардонда буданд. Наёристанд, ки раҳо кунанд, ҳарчанд медонистанд, ки раҳо ёбад ҳам, дур наравад...
Тақрибан понсад қадам дуртар аз хонаи сафед одамони ба даст афтодаи Ёрмуҳаммадро бозпурс мекарданд: бозпурсӣ буд, аммо шиканҷа не. Шояд Ҳомид-қўрбошӣ ба умеде, ки ҳама ҷафоро ба Ёрмуҳаммад раво дорад, аз дигарон сахт нагирад. Қўрбошӣ намехандид, масхара намекард, пичинг намезад; аз ҳар асир мақсаду мурод дархост мекард. Чашми қўрбошӣ ба паҳлўи хонаи сафед афтид, ки посбонҳо Ёрмуҳаммади сарлучро даст ба пушт тоб дода, базўрӣ ҷониби ў баранд. Дилашон дар ларза буд, ки қўрбошӣ пўписаву сарзаниш кунад, ки чаро берухсат маҳбусро озод кардаанд...
Ёрмуҳаммад пиндошт, ки чашмаш хира гашта, онҳоро дуруст намебинад; дуртар ҳам тира тобад; офтоб зери абр аст. Дар сари кўҳҳои мағриб, нимҳалкаи силсилакўҳи Туркистон, ҷониби уфуқи Шаҳри Сабз, поёноби Зарафшон гирифта метобад ва болои Шаҳри Сабз абр пой ёзида, сар-сари кўҳи Зарафшон борида, то Мазори Шариф меояд ва баъд ба паҳнои дашти Ёрӣ, Амондара, рўи Зарафшон ва тамоми олам меборад. Ва аз он дурӣ тундар чароғак зад. Ёрмуҳаммад донист, ки чашмам хира нагашта, балки ҳаво меборад... Ва боз чашмаш расид, ки оташе меояд аз домони уфуқи боронӣ, ки танҳо дудаш боқӣ мондаву оташашро борон кушта. Савора низ пеш меояд ба сони дуд; сияхпўш. Сарбандаш ҳамроҳи кокулаш барафрошта дудосо пушт рафта. Тез омаду суст шуд аспи ў ва диданд, ки савораш зан аст, дар ҳайрат шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор