Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чеҳра кушода дорад қўрбошӣ, табассум кунад, то Ёрмуҳаммад чизе пай набарад, бо ў бипайвандад, фармонбардор шавад, он гоҳ адабашро диҳад.
— Шумо чанд тан ҳастед, Ёрмуҳаммад?
— Як тан!
Аз чунин посух ба андеша рафт қўрбошӣ. Пасон ҷавоб ёфт:
— Шояд як ҷон бошед?.. Ба ман чунин касон лозим, Ёрмаҳмад.
Вагарна мо ватанамонро ҳимоя карда натавонем.
— Аз кӣ бояд ҳимоя кунем ватанро?
— Аз бегонагон.
— Магар дер нашуд?
— Не, дер нашудааст... Муттаҳид бояд шуд. Мо парокандаем.
Ҳар кас ба тарзи худ кор барад; бемақсад, бебарнома... Мусулмононро бояд ба по хезонд. «Шўрои исломия» дар Тошканду Фарғона амал мекунад, пуштбон дорем. Мадаминбек Фарғонаро ба дасти душман надиҳад... Қозӣ, ба ў расонед, ки дунёи мусулмонӣ мешавад.
— Агар мусулмонии шумо кори дар Ёрӣ кардаатон бошад, ба худатон насиб кунад. Ёриро ғорат кардед, мардум ватанро тарк гуфтанд, ғору камар маконашон шуд... аз Худо натарсидед, инак мусулмонободӣ карданӣ ҳастед...
...Садои тир баромад. Ҳомид-қўрбошӣ сари синаашро дошт.
Калавида аз айвон ба хона даромад.
Ғалмағал шуд, садои тирҳо баромаданд. Дастаҳо ба таҳлука афтоданд. Саворони Ёрмуҳаммад гирдобосо гаштанд. Сари Ёрмуҳаммад миёни гирдоб монда буд. Мазмун, каси тиркушодаро пайдо кардан мехост. Касе қоил наомад. Ва он ҷониби девор аскари Ҳомид-қўрбошӣ дар такопўй буд, то аз девор гузашта ба аспон савор шаванд, тохт оранд ба сари дастаи Ёрмуҳаммад.
Деҳа ноором шуд. Онҳое ки ба кўҳу пушта фирор карда буданд, аз сари сангҳо, филталҳо, буни харсангҳо, дами камарҳо... ба деҳа менигаристанд, ки қиёмати сағир аст ё рўзи маҳшар... Як бор садои тир баромад; замин, фазо, талу теппаҳо, барги дарахтон, гўши бандагон онро фурў бурданд. Гўё дар деҳа коре дигар нашуда бошад, овозе намеомад, сиёҳие набуд, барги дарахтон ҳамаро пинҳон мекард аз чашми онҳо... Дар асл оромӣ набуд дар деҳа. Аспон гўё дар пиллаҷои бузкашӣ ҷувозак мегаштанд гирди ҳамдигар...
Қозиву муфтиву чанд тани дигар башитоб ҷониби меҳмонҳона шуданд, ҳам аз тарси қўрбошӣ, ҳам аз тарси Ёрмуҳаммад...
— Шинак гиред аз паси девор ва қир кунед онҳоро!
Касе ба ҷои Ҳомид-қўрбошӣ фармон дод ва аскарон якбора рўи боғ давиданд, паси сангдевор шуданд ва тир кушоданд ҷониби дастаи дарҳами Ёрмуҳаммад. Касе намедонист, ки асп кадому савор кист. Аспон меафтиданд, саворон мефавтиданд, чароғпоя мешуданд ва ба сар мерафтанд гоҳи фирору так; аз сари аспон мепариданд саворон.

пешина
аз 421
навбатӣ