Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Чӣ лозим чунин меҳмон, ки нон хўрда ба нондон туф кунад?
Қозӣ пиндошт ин ҳарфро Ҳомид шунид ва баргашта ба дари болохона нигарист. Ҳомид ҷома сари китф, як пой даруни остона, пои дигар берун ба аскарони сари хонҳо бархоста зеҳн монд ва ба қозӣ рў овард:
— Чӣ гуфтан дорад он бачча?
— Ба зиёрати шумо омада! – филфавр гуфт қозӣ ва дандони лачакбасар газ-газ шуд:
— Ту зиёрат бикун ўро, мо зиёратгоҳ дорем!
Ҳомид шунид харфи ўро ва ишора ба аскарон кард, то омода бошанд ба набард. Ҳомид беқарорин аспи Ёрмуҳаммадро дид, вале фарқ накард, ки ба пошна задану ҷилав тофтану рон афшурдани соҳиб асп беқарор аст ё чунин хў дорад: «Аспи хуб барин». Чашмаш танг шуд, дилаш ҳам; кина гирифт қўрбошӣ, ки «бачча» ба ҳарфи қозӣ гўш накунад, тую ман дорад, аҷаб нест, ки бо ў низ сари забон кунад...
— Хоҳиш дорам, ба Ҳомидбек чизе нагўй... Кас бо думи шер бозӣ намекунад, – паст гуфт қозӣ, то қўрбошӣ суханашро нашунавад.
— Баланд бигўй, то ў шунавад... Қўрбошӣ Зарафшонро мусулмонобод карданист.
— Мусулмонӣ ба оҳистагӣ, Ёрмуҳаммад...
— Ўҳў-ўў... Ёрмаҳмад ҳамин кас? – ба гўши Ёрмуҳаммад киноя расид. – Ба шунидам – мусулмон, лекин одоби мусулмонӣ намебинам...
— Ёд мегирем! – баланд гуфт Ёрмуҳаммад, то ҳама фаҳманд, ҳатто Зуҳури буни девор ятимона нишаста ҳам, вале рафтори сардаста ба қўрбошӣ нафорид. Абрўяш гирифт; сипоҳӣ кард, нашунида ангошт, ба қабзаи таппонча даст бурд... боз дар дил «астағфируллоҳ!» гуфт. Аз забонаш ҳарфи дигар баромад:
— Ба мо чунин далерон лозим. Гумон накарда будам, ки мо рў ба рў мешавем, забон меёбем, зидди куффор ҳамроҳ меҷангем...
— Бо ҳар кӣ меҷангӣ, биҷанг, лекин моро бадном накун!
Қозӣ даҳони Ёрмуҳаммадро доштанӣ шуд, дасташ нарасид аз ин ҷониби девор ба он ҷониб. Лаб газид, забон газид, сар ҷунбонд ҷониби Ёрмуҳаммад, то ў худдорӣ кунад. Ёрмуҳаммад эътибор надод ба вай. Ду чашм ҷониби Ҳомид-қўрбошӣ дошт, то чӣ расад аз ў. Аспашро ором карданӣ шуд. Аспи Замон низ кишнаву беқарорӣ дошт, соҳибаш ҳам чизе гуфтанӣ буд, наёрист. Сардор бояд ҳарф занад, Ёрмуҳаммад вазъи қўрбоширо хуб фахмида буд; суханонаш кора накард ба ў; ҳарчанд гўяд, ки тир пай накунад дар танаш, лекин сухан кора кунад. Тири забон батар аз тири камон. Ў чунон вонамуд кунад, ки Ёрмуҳаммад нозгунҷӣ дорад ва ё гарданшахӣ: «Меарзад чунин ҷавонмардро гардан тофтан».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор