Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Баҳузур дам гиранд, тақсир! – нороҳатии ўро пай бурда, дами дар даст дар сари сина пахш карда мегўяд қозӣ, аммо нафаҳмад, ки «тақсир» чӣ эҳтироми ноҷост.
Ҳомид табассум кард ба маънии сипосгузорӣ, вале табассуми лабонаш зуд шикаст: ғалмағал шуд дар берун, аспон сайҳа кашиданд. Ором-ором гуфтани мардон меомад, аккоси сагон боло шуд... деҳа ноором тофт.
— Чӣ мағал? – вазн аз болишт бардошта, рост нишаст Ҳомид.
Гардан ёзида аз тиреза ҷониби Санглох нигарист ва сарони аз сари девор болоро дида, боз аз қозӣ пурсид:
— Кистанд онҳо?
— Худиҳо... гумонашон, ки ба деҳа бегона омада бошад...
Нафорид ин ҳарф ба қўрбошӣ. Бархост, дами дар омад. Ба берун нигарист. Дастаи саворонро дид. Дилаш раг зад. Сахт нигарист ба қозӣ: «Бозӣ мекунӣ? Макр дорӣ?»
— Худо ҳозиру нозир, инҳо баччаҳои худӣ... ноҷо гумон кардаанд... Ба онҳо мефаҳмонам, ки шумо фиристодаи Худо ҳастед, яъне расули ислом ва сарлашкар... Шуморо ҳама донанд, номи Ҳомидбек дар забони хурду калон... Осуда бошед, ҳамаашро мефаҳмонам, онҳо ба роҳи худ раванд.
Ҳомид ба назар ҳарфи ўро нашунид, гўш ҳам накард, зеҳн монда саворонро аз назар гузаронд, шинохтан хост, аз рўи фаросат дарёфтанӣ буд, ки онҳо дўстӣ доранд ё душманӣ. Панҷтираву таппончаву шамшер ҳамроҳаш буд, гумон дошт, ки лозим нашавад.
Ў ба рафтани қозӣ ба назди даста эътибор надод, ба муомилааш ҳам эътибор надод, гўё аҳамияте надошт рафтори ў. Яқин кард, ки савори барбастаи аввал, ки фўта дар сар лачак карда, ба ҳарфи қозӣ гўш намедиҳад, суханашро ба инобат намегирад, чунон ки худи Ҳомид; гўё сухани қозӣ барои савор асар надорад. Ва ду чашм ба болохона дорад, бе шарҳи қозӣ ҳам донад, ки меҳмон кист ва маҳз аз паи ў омада...
— Қозии бешараф, насиҳататро мон! Нафаҳмидем, ки ту чӣ касӣ... Кофир ҳам аз дастархони ту нон хўрад, мусулмон ҳам. Касе ёд надорад, ки пеш қозӣ касеро нон дода бошад, имрўзҳо дўсту душман аз дастархони ту нон хўранд, аммо фарқ накунӣ, ки дўст кист, душман қадом?
— Ҳама барои ман дўст...
— Танҳо ман барои ту душман... Худиҳо барои ту – душман, бегонагон – дўст...
— Охир, аз даҳони ту бўи шир меояд, дўсту душманро чӣ фарқ кунӣ?
— Аз бўи шир ман дўсту душманро ҷудо кунам... лекин ту дар ғами ҷони хешӣ, барои ҳамин чизеро фарқ накунӣ... Чӣ шавад, агар ту мурӣ, ё ман мурам, вале халқ осуда бошад?
— Беадаб, густох! Ба хунат ҷўлида мур! Шариат занад туро!
Калонро надонӣ ту, меҳмонро надонӣ ту!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор