Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва он рўз фаро расид.
Овоза шуд, ки дастаи Ҳомид-қўрбошӣ Фарғарро забт карда, дастаҳои пеш омадаро шикаст дода, то Ёрӣ расидааст... Мардум безобита шуданд. Гаҳвораи тифлон бар дўш бардоштанд, молҳо пеш андохтанд, нони дар танўрҳо часпонда ноканда монд, сўхт...
деҳаро бўи нони сўхта гирифт; сагон гирогир доштанд... Ва онҳое, ки дар тори Хокканак аскарони сурхро пешвоз гирифта буданд, дастаи Ҳомид-қўрбоширо низ бо нону намак пешвоз гирифтанд.
Дар чунин пазироӣ Бурҳону Шариф набуданд. Ҳомид бар аспи Гули Бодом нишаста, пешопеши даста меомад. На байрак дошт, на нишона дошт ва на нақша. Хандон буд, мўйлаби қайчизадаи кўтоҳ дошт, чашмони тез, рўи сурх, гардани кўтоҳ; шербас метофт, варзида ва хеле чолоку хушёр. Аз пойҳои даррикобаш бармеомад, ки ба қомат аз Ёрмуҳаммад пасттар аст... Пешопеши Ҳомид овозааш мерафт, чунон ки пешопеши сел гирдбод. Овозаи Рустам беҳ аз Рустам... Гўё Ҳомид назаркарда, дар тахтапушташ панҷаи пайғамбар нақш дорад; тир кора накунад ба ў, шамшер нагузарад, теғ набуррад... танҳо сари намоз, аз паси сар кофирона ўро сар бурридан имкон дорад. Онҳое, ки ба чунин овозаҳо имон доранд, аз деҳа нагурехтанд, онҳое, ки ба чизе ё касе бовар надоштанд ва ин чизҳоро ҳила медонистанд, ба фармуди Худо итоат накарда, хона бар дўш бардоштанд, шуданд паси кўҳҳо...
...вале пешвоз гирифтанд дастаи ўро низ, чунон ки аскарони сурхро пешвоз гирифта буданд... Боз дар боғи қозӣ дегҳо дар ҷўш шуданд, нонвойҳо нон пухтанд, саллохӣ карданд, таббохӣ карданд, кайвонуву ходим буданд баъзеҳо...
Ҳомиду ёронаш дар болохона, аскараш дар рўи боғ дам мегирифтанд. Қозӣ, муфтӣ, эшон, мулло ба фиристодаи Худо – ба сарлашкари ислом дар музофот имон оварда буданд, таъзим мекарданду хидмат чунон ки ба аскарони сурх; ҳамчунон ки амини деҳа – Зуҳур ба дастаи савораи Николай. Ва ҳоло амини ақлбохта буни девори сангин, ба оби равони ҷўй назар карда, танҳо ташнашикан будани онро донад, аммо ақлаш то ҷое намерасад. Фарқ накунад, ки барои чӣ онҳо омада буданд, чаро инҳо омаданд...
Гўё дар олам беозортарин кас Зуҳур аст – бандаи бечора аз ин зиёд нашавад.
Ҳомид дар пой чоруқи қаиши сурх, пой ёзаду кашад ба зери хеш, ки чангу ғубори попўшашро кўрпачаву либос гирифта, муҷалло гардонад. Кирдораш гўё барои он аст, ки мўкиашро бинанд, аммо мунтазир, ки ба ёриаш кӣ мерасида бошад. Шояд мўкӣ аз пой кашидан хоҳад, то пояш дам гирад, хаво гирад; зеро чандин рўз аст, ки пойҳо даруни пойтобаву мўкӣ нафас нагирифта, ба танг омада, соҳибро безобита гардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор