Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аспи Ёрмуҳаммад кишна карду ҷилва, дасти сафед бар замин зад, пасон гўш сих карда ба Мирзо Аҳё нигарист. Ёрмуҳаммад посух дод:
— Мо ҷангҷў нестем... Мехоҳем сабаби ба ин ҷо омадани шуморо донем!
Баъди тарҷумаи суханони Ёрмуҳаммад Иван Фёдорович ба андеша рафт, ба Шишкин ва дигарон нигарист. Ва посух дод низ:
— Мо низ ҷангҷў нестем... Омадем, ки шуморо озод кунем...
— Моро аз кӣ озод мекунед? Аз чӣ озод мекунед?
— Аз худатон!
— Мо озод ҳастем... вале вақте ки чунин ҷангу ҷадалҳо мешавад ва бемарҳабо хоки моро пахш карда, ба хонаамон медароянд, худамонро ноҳинҷор ҳис мекунем. Шумо худ ғуломед ва меоед, ки моро озод бикунед...
— Чӣ хел ғулом?
— Алоб нагиред! Шумо мегўед, мо гўш мекунем, мо мегўем, шумо низ гўш кунед!
— Хўш!
— Як бор омаданду гирифтанд, ғуломони Оқпошшо буданд, аз омадани онҳо ба мо сабукие нашуд; як андоз медодем, ду андоз додем... Аскаргирӣ набуд, аскаргирӣ шуд. Ҳама мардон ба баталиони коргарӣ рафта, нобуд шуданд, маҷрўҳу маслух баргаштанд.
Ҳоло ҳам сармозадаҳо мемуранд... Шумо намояндаи ҳукумати нав, боз моро ба итоат дароред ва хоҳед, ки аз фармони шумо берун набароем... Чӣ хел озодӣ бошад?
— Шуморо касе зулм карданӣ нест, шуморо касе ба итоат дароварданӣ нест... Озод карданист. Инқилоб мефармояд, ки дигар инсон харидаву фурўхта нашавад. Бозори ғуломдорӣ касод гардад...
Ҳама баробар шаванд. Касе ба шумо фармонфармоӣ накунад. Мо ҷангҷў нестем, мегўӣ! Пас ин даставу саворон барои чӣ?
— Диёрамонро ҳифз кунем чун. Агар шумо ҷониби мо тир кушоед, мо низ тир кушоем.
— Не, мо тир кушоданӣ нестем. Мақсади мо хунрезӣ нест. Бе зарурат касе тир напарронад. Шумо дар ҳар ҷо воқеаи Чорбоғро далел меоред, лекин асосашро ба инобат намегиред... Охир мусулмон аскарбаччаро дар сутуни мазор баста оташ занад, кӣ тоқат мекунад? Шумо? Магар чун тамошобин сўхтану мурдани як ҷавонро дида лаззат мебаред? Аскари сурх хунхор нест. Зодаи инқилоб аст... Барои ин чизро донистан моҳияти инқилобро бояд дарк кард.
— Мо розӣ ҳастем, ки шумо ба мо кордор набошед, мо ба шумо.
— Шумо инқилобро қабул надоред?
— Мо ғояҳои инқилобро қабул дорем, лекин ҷанг барои чӣ?
Чаро шумо ин қадар роҳи дурро паймудед, то миёни мо балво хезонед?

пешина
аз 421
навбатӣ