Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ба по хестанд ҳама ва Петя фаромўш шуд. Иван Фёдорович, Шишкин, Мирзо Аҳё ва дигарон аз хона баромаданд. Саворони омада сари деворҳо буданд пушти асп ва аз ин ҷониб аскарони сурх рўи ҳавлии қозӣ. Иван Фёдорович ба қозӣ сахт нигарист. Қозиву муфтӣ даст пеши бар баробар таъзим карданд. Ва ба Мирзо Аҳё рў оварданд:
— Бигўед, ки онҳо худианд. Бехабар аз омадани шумо ҳастанд.
Ин ҳамон, ки гуфтам: Ёрмуҳаммад...
Онҳо миёни ҳавлӣ меистоданд. Аскарон камонҳо сари даст, фармони сардорро мунтазир буданд. Аз миёни эшон Мулло Тош худро пас кашид ва пушти дигарон пинҳон шуд. Аз сари китфи Мирзо Аҳё менигарист ҷониби саворон ва чашм мепўшиду мекушод, то ёд оварад, ки ин ҷавони хуштарҳу хубрўро дар куҷо дида бошад. Зўр мезад; сар хам карда аз замин мадад мехост, то ёд орад... Дар Чорбоғ не, дар Дупула не, дар Қашқоӣ не, дар куҷо дида бошад? Хаёле ёдаш омад, вале бовар накард... Дар Чилдухтарон дида буд. Гоҳи Панҷакат рафтан. Лекин чаро ин ҷавон худро Холиқул гуфт? Ҳол он ки ў ҳамдиёри худаш – амондарагӣ будааст. Ў хомўш аст, мунтазир, ки кор чӣ ранг гирад.
— Ман ўро шинохтам, Мирзо Аҳё.
— Киро? – гардан каҷ карда аз Мулло Тош пурсид Мирзо Аҳё.
— Ҳо он савори аввали лачакбасарро... Ў худро Холиқул хонда буд. Он ки қисса карда будам...
— Ором бош!
— Чӣ мегўяд ў, Мирзо Аҳё? Мулло Тош чӣ мегўяд?
— Мегўяд, ки он ҷавонмард шинос аст, дар куҷое дида...
— Агар шинос аст, бигузарад, ҳамсўҳбат шавад, муроду матлаби онҳоро дарёбад.
Дар пои Мулло Тош ларза даромад. Агар ўро шиносад, шояд амон надиҳад. ў бори дигар сўи Иван Фёдорович нигарист, ки ҷиддӣ мегўяд ё аз баҳри имтиҳон. Паҳлўи Мирзо Аҳё гузашт ва пурсид:
— Чӣ гўям ба онҳо?
— Ҳамчун разведчик ба мо гуфтӣ, ки дар ягон ҷо хавфе нест, инак мегўйӣ, ки ўро мешиносам...
Иван Фёдорович ба ҳарфи ў гўш дод, аммо ҷавобе нагуфта, сўи дарвоза равон шуд. Дигарон аз паси ў. Дами дарвоза бозистод, ҳамаро ҷамъ дид ва фармуд:
— Омода бошед... Мирзо Аҳё, аз онҳо бипурсед, ки савора ҷанг мекунанд ё пиёда?
Мирзо Аҳё пеш баромад ва пурсон шуд:
— Командир мепурсанд, ки ба шумо савора ҷангидан хуб аст ё пиёда?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор