Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Оқпошшо ҷанг кард, чӣ қадар ҷавонмардони мо нобуд шуданд...
— Магар ҷавонмардони шумо ҷангида буданд?
— Не-е, баталиони коргариро дар назар дорад, – фаҳмонд Мирзо Аҳё.
— Ҳо... рост мегўяд... медонам-медонам! – гўё ба сухан ҳоҷат набошад, даст боло карда гуфт Иван Фёдорович. – Хў-ўш, ҳоло Ёрмуҳаммади шумо куҷост?
— Ба кўҳ рафтааст, фаҳмидаст, ки шумо душман наед, дур рафтааст, то феълаш нагирад.
— Аз чӣ феълаш гирад?
— Аз душман ва аз ҳарфи ноҷо.
— Пас, мо душманем?
— Не, шумо душман наед, лекин ҳарфи ягон бедаҳон тавонад ўро барангезад, он гоҳ Ёрмуҳаммад натавонад худдорӣ кардан; ё он бедаҳанро пора-пора кунад ва ё...
...Садои суруди русӣ омад аз берун. Сўҳбати хонаро қатъ кард.
Иван Фёдорович ба Шишкин нигарист. Шишкин китф дарҳам кашид ва баромад. Аскаре миёни ду дастархон мекалавиду мерақсид, дастархон пахш мекард ва шамшер боло дошта суруди халқии русӣ мехонд...
— Хомўш! Петя, хомўш! – аз дари меҳмонҳона баромада хитоб кард Шишкин, аммо Петя сухани ўро нашунида, суруди фироқ мехонд, ёд аз ёру диёр мекард.
— Гиред ўро! – фармон буд.
Петя фармонро шунид, лекин ҷавобаш дигар буд:
— Сар мебуррам ҳамаро!
— Гиред!
Ду кас аз ду тараф рўи дастархонҳоро ҷаҳида, баробар ба ў расиданд, шамшерашро гирифтанд, дастонаш пушт тоб доданд...
Бурданд, дар коҳдоне ҷо карданд, то ба худ ояд.
Иван Фёдорович ба қозӣ хашм гирифт:
— Ин чӣ коратон буд, қозӣ?
— Аз мо гузашт, тақсир... Ба мо фаҳмониданд, ки ба мардуми шумо ҳазор гову гўсфанд кушиву як чика шароб надиҳӣ, меҳмондорӣ – як пул.
— Ҳар кӣ гуфта, аз рўи дўстӣ нагуфта. Нўшидан ҷой дорад, мавқеъ дорад, маврид дорад. Зафар ёбем, ҳар қадар нўшонед, равост...
— Гунаҳ кардем, тақсир, лекин аз рўи меҳмоннавозӣ буд. То алвақт ба диёри мо чунин меҳмонони олиқадр наомадаанд. Замонҳое Искандари Румӣ ва арабҳо омада буданд... хидмат кардан хостем.
Кўча ғалмағал шуд ва ин ҳарфҳо тарҷума накарда монд. Аспбонҳо тохта даромаданд, дидбонҳо омаданд ва хабар доданд, ки саворон меоянд ва касе намедонад, ки кистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор