Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Чунон ки чароғ хона равшан кунад, дар сараш рўшноӣ дарояд, гузаштаро як назар бинад, боз чун чароғи мурда тира шавад сараш, ҳеҷ чиз намонад дар ёдаш...
...ва ҳоло ҳайрон: меҳмонон бояд ба хонаи ў меомаданд, чаро ба ҳавлии қозӣ дароянд? Магар қозӣ ин қадар одамро нону об дода тавонад? Қозие ки дар умраш як касро нон надодааст? Ба гуфти худи қозӣ ў ҳалолкор аст, дар роҳи ризо кор кунад, бо нони ҳалол ин қадар лашкарро нон додану ин қадар аспонро хўрок, амрест муҳол...
Ба ҳар тақдир сарони лашкарро дар болохона ҷой доданд; аскарон рўи кўрпачаву пўстакҳои дар боғ густурда нишонданд.
Вале онҳо тоҷикона нишаста натавонистанд. Ходими деҳа Мирзомурод миёни дастархонҳо гашт, ба ду тараф рўи дастархонҳо нон монду лаълӣ. Суманаки наврўзӣ гузошту гандуми сабз, чой оварду об; хидмат дошт ба меҳмонон.
Дар он тараф буни девори самти шимол сари ошдонҳо дегхои шўрбо ҷўшидан дошт ва андар деги маърака зирбаки оши палав ба қиём мерасид. Дастархондор дами дари меҳмонхона рафту даст пеши бар хуш омадед, гуфт, рўи хуш дод.
— Мирзо Аҳё, – ба тарҷумон рў овард Шишкин, то ба соҳибон чизе гўяду фаҳмад: – Бипурс, ки боиси ин ҳама ташвиш чист?
– Вале боздошт ўро, то тарҷума накунад барои соҳибон. Аввал иҷозати Иван Фёдоровичро бояд гирифт: – Иван Фёдорович, ё аввал шумо пурсон мешавед?
— Бифармоед, шумо ин мардумро хубтар аз мо медонед.
— Ташаккур... Мирзо Аҳё, бипурсед!
— Қозии мўҳтарам, соҳиб мепурсанд, ки боиси чунин пазироӣ чист?
— Дар пеш Наврўз аст. Дар Наврўз хунрезӣ нашояд. Баъдан миёни мо касоне ҳастанд, ки ба Русия сафар карда, баду неки дунёро донистаанд, суханҳои нек гуфтанд. Ана ин Бурҳон – писари устои машҳури диёри мо – Бурҳон, онаш Шариф, зани русӣ оварда. Мо кайҳо бо меҳмонон хешу табор шудаем... Ва ба меҳмон фаҳмонед, ки ин деҳа дараи Амонӣ ном дорад, яъне, Амондара ва то алвақт дар ин макон хунрезӣ нашуда. Ва ҳар лашкаре дар ин диёр қадам гузошта бошад, бо сулҳу салоҳ варзидааст... Агар оқибати ҷанг сулҳ бошад, чаро аз аввал сулҳ накунем?
Баъди тарҷума меҳмонон китф дарҳам кашиданд, нигаристанд ба ҳам ва сар ҷунбониданд. Иван Фёдорович пурсид:
— Ҳама чунин шуморанд?
— Бале...
— Магар аз тарс нест?
— Не, меҳмони мўҳтарам, аз тарс не. Як худи Ёрмуҳаммади диловар тавонад як лашкарро муқобилат кунад, аммо ба мо хуш нест ҷанг...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор