Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мирзо Аҳё пеш омад ва пурсид дархости Иван Фёдоровичро.
Дар асл муроди Иван Фёдорович он буд, ки аскар ба сари бораву теппаҳои атроф фаро омада, пайки осудагӣ ва ё омодагии ҷанг диҳанд, пасон ў фармони ҷанг ва ё амонӣ бигўяд. Аз сари Лалм то домони деҳа аскарон сар-сари теппаву рўи Санглох намоён шуданд ва пайки амонӣ доданд ва ба саволу ҷавоби Мирзо Аҳё ҳоҷат намонда, ливо боло бардоштанд ва пеш омада, нону намак чашиданд. Пасон чаҳор тан ба ду тараф шуда, кўча кушоданд, то онҳо аз миёни дарвозаи зинда вориди деҳа гарданд...
Деҳа пури одам буд, хурду калон дар Санглохи майдони бузкашиву маърака гирд омада буданд. Ва аскарони сурх аз ҳар роҳ дар Санглох шуданд. Чанд кас монданд, дигар ҳама паси деворҳову пушти ғарами бомҳо ҷо гирифта, мепоиданд онҳоро ва қисме «кофир омада ба деҳа» гўён дар ба рўй мебастанд. Қисме Мулло Тошро ба ангушт намуда, кофир шуданашро ишора мекарданд, дигар ҳама дам ба дарун буданд...
...Фақат дар паҳлўи боғи Қозии Шохдор, буни девори гашта марде менишаст, ки кулўхи бачашм буд ва сангпуштона гардан миёни китфон фурў мекашид; номурод, норозӣ, носер, ноўҳдабаро... менигарист ба ҳама чиз ва гўё ақлаш намедавид, ки ин ҳама чӣ кор асту чӣ бор? Чаро ин қадар бегонагон ба ҳавлии қозӣ дароянд; аспашонро касоне лаҷом медоранд, ки ў нашиносад. Ў нигоҳ мекунад, ба андеша меравад ва аранге ёд меорад, ки чунон карданӣ буд; чунин мардуми зиёдро дар хонааш оварданӣ буд, нон доданӣ буд... имрўз каси дигар амалӣ мекунад нияти ўро... Дегҳои қатори ў бў гирифтанд, ба хонааш меҳмонон наомаданд, нонашро нахўрданд; ба тахт нанишонданд... Як девонаи Худо гашту бас.
Ағлаб шабҳо аз хоб бедор шуда, сар сабук ҳис кунад, ба хаёл равад, лаззат барад аз орзуву армонаш ва чун рўз шавад, фаромўш кунад. Беруни дарвоза шавад беҳушона, саломи хурдонро алейк нагирад, масхараи баччаҳои бебокро пай набарад, ишораи бечорагони аз дасташ азоб кашидаро фаҳм накунад... шинад, ақлбохта, бесоҳиб, берўзӣ... Набера – Ҳасрат ба фармуди модар назди бобо омада, аз бозувонаш дошта бардорад, то бархоста ба хона дарояд, аммо ў чизеро дарк накунад, чунон ки бо набера ҷангӣ бошад, ба шаст даст кашад, ки набера ба андешаву нақшааш халалгор шуда.
Ҳоло ҳам ҷаҳли мураккаб дорад, ки дар хуни ў пухта. Дами шом занаш баромада дуову сано кунад, дўғ занад, пўписа кунад ва ў ғуломона сар фароварда ба хона дарояд ва духтараш бикўшад, то ба чашми ў нанамояд... Бишинад Зуҳур аз бом то шом, хўрданӣ ба ёдаш наояд. Рўи санги тозаву лайс нишинад, пушт ба девор такя дода, аз сад раҳгузар якеро бинад ва баъзан завқ бикунад аз гузаштани касе, хандад, ба ишораи чашму абрў сўяш хонад ва он кас наомада ва ё дур нарафта, ҳама чиз аз ёдаш равад. Сукут варзад, сар андозад ба сари сина, то нафасе фароғат кунад, вале аз чизе ҳаросида як қад бипарад, сар бардорад ва чизеро надида, ҳайратзада гардад.

пешина
аз 421
навбатӣ