Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Ба камондор гўй, ки пушти кўҳи Қоф рафтанд,– нарангушт аз сари китфи рост ба пушт ишора карда гуфт бобо.
— Бобо мегўяд, ки пушти кўҳҳои баланд рафтаанд.
— Пурс, ки барои чӣ?
— Командир мепурсад, ки барои чӣ?
— Барои чӣ? Барои осуда зиндагӣ кардан...
— Командир мепурсад, ки магар ин ҷо осуда набуданд?
— Гўй, ки осуда буданд, аммо нороҳат карданд.
— Командир мепурсад, ки кӣ нороҳат кард?
— Бигўй, ки ҳар касе ба сари мо тохт овард...
Мирзо Аҳё тарҷума накард ин ҳарфро, магар командир рамуз гирифт, ки пурсид:
— Яъне?
— Яъне, душман…
— Кист душман?
— Командир мепурсад, ки душман кист?
— Ба камондорат гўй, ки ман мурда нестам, ки ин қадар мисли Мункару Накар пурсад...
— Бобо мегўяд, ки мо ҳоло дўсту душманро фарқ накардаем...
Отряди муттаҳида аз паи мардуми фироркарда ба Тангӣ нарафт, балки сўи Амондара рахти сафар баст, қосид нафиристода. Зеро Амондара чандон деҳаи бузург нест; аз сари Хокканак метобад: гузари шингиҳо пеши назараш, гузари ҳисориҳо рў ба рўяш, танҳо гузари Тангӣ пушти теппаи Лалм мемонад. Вале воқеа чунон шуд, ки отряд чашм надошт: аз дур диданд, ки ду тан аз сари теппаи Муғак пас лағжида, сўи деҳа шитофт. Отряд аз Фушуни беодам бурун омада, рафтори дидбонон дида, яқин кард, ки деҳа ба ҷанг омодагӣ дорад ва ҳозир шуд ба набард. Отряд ба ду канори роҳи Фушуну Амондара парешон гашта чун ресмони турнаҳо пеш мерафт. Ва ният чунон буд, ки аз сари Лалм, Хокканак, теппаи Муғак, Гили Бўтта, Пушти Бурсак ва рўи қабристон ва дарун-даруни Боғи Гарон ба деҳа резанд ва якбора иҳота кунанд.
Аммо амондарагиҳо дар Хирманҷои Хокканак аскарони сурхро бо нону намак пешвоз гирифтанд. Командир ҳам, Иван Фёдорович ҳам бовар накарданд ба чунин рафтор; найранг донистанд ва рў ба рўи чаҳор ёр, ки рўи дастархони шол нону намак медоштанд, бозистода, ба Мулло Тош рў оварданд:
— Инҳо киҳоянд?
— Қозӣ, муфтӣ, ду ҷавонмарди дигарро нашинохтам, ҳа, яке Шариф, ба баталиони коргарии Николай рафта буд... дигараш писари усто Қодир, ё домоди амини деҳа...
— Хўш, – фармуд худ ба худ Иван Фёдорович ва ба Мирзо Аҳё рў овард: – Пурс, ки бо хости кӣ ва ба чӣ ният чунин рафтор кунанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор