Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

вагарна аз шаклат, аз рангат, аз чашмат чӣ кас буданатро мегуфтам... Камон дорӣ? Тапонча дорӣ?
— Не!
— Афсўс! Корд чӣ?
— Не!
— Сад афсўс!
— Чӣ лозим?
— Маро мекуштӣ, то суханони пандомези туро намешунидам...
Мулло Тош, ки паҳлўи пирмард ба зону нишаста буд, бархост.
Оҳиста-оҳиста пас-пас рафт, то шарфаи пояш набарояд. Дуртар бозистод ва дароз ба пирмард нигарист. Хомўш буд ў, ба уфуқ менигарист, ашк таровид аз чашмони кўраш. Китфонаш ҷунбиданд ба аломати гиря ва садояш ларзон баромад:
«— Чӣ сахт аст! Чӣ сахт аст?!»
Мулло Тош намефаҳмид, ки чиро мегўяд ў. Пурсиданӣ буд, вале намехост, ки бобо суханашро аз дур шунавад. Боз наздик омад ва пирмард чӣ дарёфт кард, ки даст сўи равшанойӣ бурд, вале ба дасташ чизе наомад.
— Чӣ сахт аст, бобо?
— Қисмат... алам... сари мо кўҳистониҳо аз санг ҳам сахт...
Охир як кас ба умеде қаср намесозад, ки каси дигар вайрон кунад... Чаро дунёхоҳон фақат вайрон кардан хоҳанд? Вайрон кардан – осон, обод кардан – душвор; ҳатто одамро вайрон кардан машаққате надорад. Одам худ аз худ ҳам вайрон мешавад мисли оҳан: андешаи ботил одамро аз дарун вайрон мекунад. Оё инсон намефаҳмад, ки меваи латёфта зуд пўсад...
Пирамад хомўш монд, то ў чӣ гўяд. Вай низ хомўш буд, ки ў чӣ гўяд. Вале маълум набуд, ки ҳарфи пирамард шунидан мехоҳад ва ё андешаи гуфтор дорад.
— Ман меравам, бобо!
— Куҷо меравӣ?
— Амондара.
— Ба амондарагиҳо гўй, ки ба ҳар нокас сар нафароранд...
...Аммо ў Амондара нарафт. Ба отряд баргашт. Шарҳи ҳол гуфт. Боз ба ў бовар накарданд. Фиреб мекунад, гуфтанд. Вале чун аз дарвозаи Дашти Қозӣ ба Ёрӣ ворид шуданд, инсоне ё ҷонваре надиданд. Ба қалъа рафтанд. Пирамардро диданд. Пасон Мулло Тошро қадр карданд, ки ҷавони росткору ростгўй аст.
— Мирзо Аҳё, бипурс, ки мардум куҷо рафтанд?
— Бобо, командир мепурсад, ки халқо куҷо рафтанд?
— А? Кӣ мепурсад?
— Командир!
— Камондор?
— Ҳо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор