Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мирзо Аҳё, ба ин бачча фаҳмон, ки мо бало нахезонем, балки балоро гум кунем, – Иван Фёдорович чунон гуфт, ки Ёрмуҳаммад ҳарфро нафаҳмида бошад ва дўсту душманро фарқ накунад. Ва гўё фурсат ёфта як-як ба ҳама нигарист: ҳам ба дастаи Ёрмуҳаммад ва ҳам ба ёрони худ, ҳам ба дастархондорон. Нигоҳаш: «фиреб додӣ, моро, мор будаӣ, қозӣ... Нону намакат заҳрогин будааст...
доми фиребат зудгир будааст... Не-е, хом шумурдаӣ тушбераро...
Бо қувваи муқтадир бозӣ накунед...» Бо думи тозиёна пеши шапкаашро каме бардошт, сари тафсида ҳаво гирифг, боз нигарист ба мардум ва баъд ба Мирзо Аҳё.
— Иван Фёдорович! Ў мефармояд, ки онҳо аз рўи рисола рафтор мекунанд, касеро беҳуда накушанд, бар қасди касе нестанд; барои Ватан, модар ва зану фарзанд ҷон медиҳанд, бо дўст дўст ҳастанд бо душман – душман...
Иван Фёдорович боз ба андеша рафт. Мулло Тош худро паси Иван Фёдорович ҷо карда, ҳар дам сари забон меовард, ки аз паси гўши ў чизе гўяд, боз худдорӣ мекард, то хато накунад; шояд ў ба Холиқул монанд бошад, шояд барои фиреби ў дар боғи Чилдухтарон худро Холиқул вонамуда бошад... Маълум, ки ў Холиқул набуда, ҳамдиёри худаш аст. Дили Мулло Тош дук-дук мезанад, ки гўяд ё нагўяд. Мадори пояш меравад, барои худро даст гирифтан лаб мегазад, вале танаш ларзида, ўро безобита мегардонад, ки гўяд ё аз баҳраш барояд...
— Иван Фёдорович! Ман ўро мешиносам... – овозаш ларзон баромад ва сардор сўи ў нигариста ҳайрон монд, ки чаро рангаш канд...
— Киро? – бо чунин савол хост ўро аз хиҷолат барорад ва донад, ки сабаби ларзиданаш чист.
— Ёрмуҳаммадро... Вай... вай маро дар роҳ дошта боз сар дода буд, гуфта будам ба шумо.
— Ў низ туро шиносад?
— Шояд!
— Ку пеш баро! – гуфт ба Мулло Тош ва ба он ҷониб рў овард:
– Шумо ин баччаро мешиносед?
Ёрмуҳаммад хуб ба ў нигарист, сонӣ ба ёрон рў оварда китф дарҳам кашид ва ҷавоб дод:
— Не!
— Чӣ хел не? Ин кас ҳамдиёри шумо... боз шумо бо ин кас дар роҳ вохўрда будед...
— Ман ҳама ҳамдиёронамро, аз хурд то калон, шиносам, лекин ин одамро нашинохтам... Ҳамдиёри мо бошад, дар дастаи шумо чӣ кор мекунад?
— Мулло Тош ҳамдиёри шумост... ҳоло чунин ҷавонмардон ба дастаи мо бисёр ҳамроҳ мешаванд...
— Не, ҳамроҳ намешаванд, худашон даста доранд...

пешина
аз 421
навбатӣ