Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Мирзо Аҳё! – зери дарахти зардолу аспашро хорумол кардани ўро дида садо кард командир.
— Лаббай!
Командир ба ишораи биё сар ҷунбонд ва ў омад.
— Кӣ буд сардори дастаи босмачиҳо?
— Нафаҳмидам...
— Наход Ҳомид-қўрбошӣ аз Масчоҳ ба ин ҷо расида бошад?
— Не, рафиқ командир... Ба назари ман инҳо одамони таҳҷоӣ...
аз ҷангашон маълум, аслиҳа надоранд... Камингоҳамон фиреб дод, вагарна...
— Кӣ дар ин ҷойҳо тохтутоз мекунад? Ғайри Холиқул боз кист?
Аз миёни дарахтон чанги роҳ боло мешуд ва ниҳоят тез пеш меомад, ки боди вазон меоварда бошад. Панҷ савор расиданд.
Пуризтироб буданд:
— Рафиқ командир, дастаи Холиқул! – худро аз асп ба зер андохта гуфт Мулло Исрофил ва нобуд гаштани шаш нафарро нагуфта командир ҳама чизро пай бурд.
— Отря-ад! Савор шавед!
Даста чунон мерафт, ки чанги меғосо болошуда чанд қадам пас мемонд. Дар сари командир буд, ки онҳоро ё дар қатлгоҳ пайдо мекунад ва ё дар рў ба рў, ки аскаронро дунбола гирифта, фурсати баргаштан наёфтаанд... аммо онҳоро пайдо накарданд.
Шаш тани нимбараҳнаву маҳрум аз сару дибосу тиру камон дар бероҳаи сойчаи ҷониби Чорбоғ мехобиданд замин газида. Командир фармуд гирду атрофро бинанд, пайдо кунанд. Командир назди фиристодаи аввал рафт: бараҳна буд; гўши чапаш буррида, нўги биниаш буррида ва гарданаш. Командир ба танг омад: «Ба шиканҷа кашидаанд...» ангушт мушт кард ва бо рўймолча рўи ўро пўшид. Асп монданд саворон ҷониби роҳи Чорбоғ, ки болои Сўҷинаро мегузашт. Аммо дере нагузашта баргаштанд:
— Дар роҳ касе нест, рафиқ командир!
Командир ба ин ҳарф эътибор надод, нашунида ангошт. Ба назари аскарон чунон расид, ки дар қаҳр аст; аз нобарории кор ва ноўҳдабароии аскарон. Вале, чашм ба майитҳо, сар афшондани командирро диданд, пай бурданд, ки дар мотами қурбониҳо месўзад. Андешаи ўро ҷуз худаш касе намефаҳмад; миёни обу оташ мондаанд. Аммо оташу об аз ҳамдигар огоҳ нестанд – Холиқул аз дастаи Қаҳҳорча хабар надорад ва Қаҳҳорча аз дастаи Холиқул. Андеша зиёд командирро, гумонаш онҳоро иҳота кардаанду дастаҳои душман нагузоранд, ки майитҳоро ба вилоят фиристанд... Хеле андешид командир, ашки чашмонашро пок карда, ба даста нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор