Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз адирҳо пас фаромаданд аскарон ва командир пай бурд, ки шикаст мехўрад, пас нишаст. Фиреб хўрд отряд. Зеро дар ягон ҷои харитаи ҳарбӣ ишора нашуда буд, ки чунин камингоҳи танг низ ҳаст.
Пас гашт отряд, муваққатан пас гашт. Барои маслиҳату машварат гашт, аммо чунин пасгардиро шикаст нашуморид, зеро талаф наёфта буд аскараш. Се фиристода, чанд аспу савора...
дигар ҳама пас гаштанд, то Дашти Малла. Хайма заданд он ҷо.
Командир қосид фиристод ба вилояти Панҷакат, то боз аскар ояд.
Дар Кўҳистон аскари савора ба кор наояд.
Командир тасмаи аз сари китф ба миён бастаро месоид, нарангуштдасти рост зери тасма паст мерафту боло ва ў гирди ҳавзи Дашти Малла мегашт ва якзайл ба об менигарист. Менигарист ба об чунон ки хоб мегуфта бошад. Худ аз худ қадамаш тез шуд
– аз рўи фикр ва боз суст гашту қадам боздошт ва боз тез шуд.
Ва андеша дошт, ки дар куҷое саҳве рафт. Даст аз тасма бардошт, ба манаҳ бурд, соид онро; ба дараҷае ки манаҳ ба каф пахш мекард ва сараш андаке хам хўрд. Мўи малла, чашмони обӣ, ранги зардинаи ў таваҷҷўҳ мерабуд. Вале ҳоло ба рўяш шафақ дамида, сурхча гардонда буд ўро. Ва яке ба сараш зад, ки чӣ коре кард ва чӣ бурду чӣ бохт, ки аз вилоят мадад мепурсад. «Баргардонидан лозим» қосиди фиристодаро дар назар дошта, аз дил гузаронд ў ва надонист, ки чаро отрядро саф ороста, аз байн якеро пазируфта, фиристод; ҳоло, ки оташи ҷанги Чорбоғ хомўш нанишаста буд ва мардуми Сўҷина мурда ба хок насупорида... аскаронро танҳо ба ҳар сў фиристодан хуб нест.
— Отря-ад! – якбора бозистода садо кард ў ва отряд паридаву ҷаҳида хест, ки лашкаре ҳуҷумовар шуда бошад. – Баргардонед ўро!
Даҳ нафар бар аспҳо шуданд савор ва ҷилави онҳо сар доданд ҷониби Сўҷина. Командир як назар дид, ки аспон зери чанги роҳ ғайб заданд. Боз қадамзаниашро идома дод командир: «Мушкил барин...» аз дил гузаронд ва қадам боздошта, хам хўрда, ба оби тираву чангзадаи ҳавз нигарист, ки чӣ ранг дорад сару рўяш.
Нашинохт марди даруни обро – марди тирарўи гирифтаабрўи расидаришро, маҳзуну андешамандро. Қомат боло гирифта, нохун хоид, ҳарчанд чунин одат надошт. Оҳи дароз кашида ҷониби қаторкўҳҳои Туркистон нигарист, силсилакўҳи Зарафшонро дида давонд ва дид, ки ин силсилаҳо дар пешгаҳ ба ҳам мечаспанд, сиёҳу гирифта метобанд; қуллаву теғаҳо занҷирбанд мегарданд; саддеро монанд, ки ҳаргиз имкони гузар намедода бошанд. Осмон низ дар сари қуллаҳо фурў рафта ва паси кўҳҳо хамхўрда ва паси он часпида. Ба Саид Аҳмадхони масчоҳӣ ва Мадаминбеки фарғонагӣ расида нашавад. Дар рўзи офтобӣ ҳам тира тобад пешгаҳи водӣ; гўё дуди ангишти кўҳи Сўхта аст, ки сад сол боз аз зери хок мебарояд.

пешина
аз 421
навбатӣ