Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аз пул чанг монда буд дар ҳаво ва қолаби пул дар ду канор. Ҷо-ҷо хиштҳои сурхи пухта монданд барои таърих...
«Урра!» бархост аз зери камарҳо; ҳуҷум оварданд ба отряд.
Саворон пас гурехтанд. Тир мезаданду ақиб менишастанд. Тўп монду тўпчӣ. Тўпчӣ ба асп нарасида тўъмаи марг шуд... Таъқиб мекарданд ба найзаву калтаку тир.
Аз чокаи Қашқоӣ дастаи саворон асп монда омаданд. Отряд аз сероҳа ба рост гашт ва бозистод. Аспон сар ҷониби душман гардонда, ба ҳуҷум омода буданд гўё...
Ва чун дастаи пиёдагони аз зери камар баромада ва дастаи саворони аз Қашкоӣ фаромада наздик омаданд, аз сероҳа садои пулемёт боло шуд ва «душман» тутвор ба замин рехт. Аз пиёдагон чанде пас гашта тавонистанд. Маълум ки дур намераванд, зеро пули Хиштӣ дигар вуҷуд надорад. Аммо дастаи ба гурез рў овардаро отряд ба ҳолаш нагузошт. Таъқиб кард. Вале чун чашми командир афтид, ки тўпхонаро тела дода ба рўд афкандан мехоҳанд, таъқиби саворонро бозгузошта, ҷониби эшон ҷилав гардонданд. Онҳо, ки равиши кори тўпхонаро намедонистанд, онро ба рўд афканда натавонистанд. Гурехтанд, тўпхонаро ба ҳолаш бозмонданду гурехтанд ва дар камарҳо ҷой шуданд... Ҷанги хунин шуд дар чокии Қашқоӣ. Дастаи Қаҳҳорча дар ду ҷониби чокӣ, паси теппа шинак гирифта, отрядро каме пеш гузаронда, тирборон кард. Қаҳҳорча, ки ба назар гурехта, саворонашро гирифта, ба сойчаи паси теппа фуромада буд, сари аспонро баргардонда ҳуҷумовар шуд, аммо садои пулемёт, борони тири он ҳамлаи онҳоро боздошт.
Аз ду ҷониб тир мезаданд ба отряд, ягон-ягон. Маълум ки аз камони шикорӣ тир мепаронанд. Санг омад аз тор ба сари отряд; калтак омад, кулўх омад, ками дар кам тир. Ба ҳар ҳол безобита кард: ба сари аспон мехўрданд сангҳо, ба саворон мерасиданд калтакҳо, ба аскарон мезаданд тирҳо; ба танг меоварданд отрядро.
Пас-пас рафт отряд худ аз худ. Командир ҳайрон буд: чунинашро чашмдор набуд, мисли Холиқул зиддият карданашро медонист, вале намедонист, ки чунин шинак мегиранд. Командир ва аскарон таълим гирифта буданд, ки ҷанги Кўҳистон чунон мешавад, аммо гумон надоштанд, ки дар чунин ҷой – дар остонаи Кўҳистон. Он тараф – ҳамвории Кўҳистон – дашти Ғузор, камингоҳ надорад ва як пулемёт метавонад кори ҳамаро кунад... Пас гашт отряд ҳамагӣ сад қадам ё каме зиёдтар ва аз чашми дастаи Қаҳҳорча пинҳон шуд. Аскарони пиёдаи ў аз ду сари кўҳоншакли чокӣ отрядро гурехта пиндошта, сангборон мекарданду таъқиб ва бештар ба масхара мемонд... Иззати нафси командир коҳид. Фармуд пулемёт зери ҷаркан устувор кунанд ва фармони пиёда шудани аскаронро дод. Аскарон пиёда шуда ба теппа часпиданд ва якбора тирборон шуданд; гумон надоштанд, ки даста панҷтира низ дорад. Ҳайрон монданд, ки чаро то алвақт кор нафармудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор