Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То алвақт аскарон гумон доштанд, ки командир сангдил аст, ҳолати ўро дида, яқин мекунанд, ки санг ҳам диле доштааст...
— Инҳоро ба ақибгоҳ фиристода намешавад... – хеле хомўш монд ў пасон хулосаашро гуфт: – Мазори шаҳидон месозем дар ин ҷо...
Командир медонист ва ҳама медонистанд, ки имкон надорад чунин корро кардан, мурдаҳоро фиристодан лозим ё ба хешовандон бояд хабар дод... Аммо шароит нест... Он чӣ командир мегўяд, бояд шавад: панҷ гўри шомӣ кофтанд, онҳоро чу саг гўр карданд, бе ҳеҷ гуна ғуслу дуо; ҳоло ҳам командир ба худ наомада буд, ки чӣ карду чӣ бояд бикунад. Ба вилоят баргардад ва ё пеш равад. Аз задухўрди Чорбоғ хабар расида буд ба вилоят, аммо аз ҷанги сари Дупула ва роҳзании Холиқул хабар надоштанд. Қосид фиристода нашавад дар чунин ҳолат. Фиристад ҳам, надонад, то чӣ бигўяд. Кӣ муқобилат кард сари Дупула, кӣ кушт фиристодаҳоро? Надонанд.
Командир шапкаи ба хотири шаҳидон аз сар гирифтаро бозпўшид ва аз як сар ба аскарони сафороста нигарист, ки нигоҳу чеҳраву ваҷоҳаташон чӣ мегўяд. Чашм ба чашми Мулло Тош боздошт.
— Роҳро дигар кардан лозим, рафиқ командир! – аз нигоҳи ў маънӣ кашида гуфт Мулло Тош. – Бо роҳи Ниёзканда рафтан хуб аст. Ба сойча фуромада, аз паси душман ҳамла меоварем. Душман гумон кунад, ки дар хами Қашқоӣ низ аскарони сурх ҳастанд, ақиб мегардад ба роҳи калон ва агар дами қабристон пулемёт бошад, душманро якто намонда қир мекунад... Дар чунин ҳолат душманро зарур аст, ки ё таслим шавад ва ё худро ба Зарафшон занад.
— Ту, бачча, ин чизро аз куҷо медонӣ?
— Ман аслан аз ҳамин ҷойҳо, аз Амондара, ятим будам, дар ба дар гашта, ба шаҳр афтидам, хидматгори дари Султонбой гардидам... Ин макону мавзеъро ваҷаб ба ваҷаб медонам. Агар ба мо Амондара рафтан лозим бошад, танҳо ба воситаи Дашти Қозӣ давр гашта меравем. Пули ларзони Дашти Қозӣ бояд обод бошад.
— Ту, бачча, роҳбалади тайёр-ку! Русиро аз куҷо омўхтӣ?
— Рафиқ командир, ману Мирзо ба деҳаҳои руснишини атрофи Самарқанд бисёр мерафтем... Шумо ҳаёти ятимиро медонед?
— Медонам...
Мирзо Аҳё бозуи Мулло Тошро пахш кард, то ба сухан хотима диҳад; аз ҳад гузарад, фач шавад.
— Хуб, Тош, ба ҳамон рўз расем, роҳбалад мешавӣ, лекин ҳоло чӣ бояд?
Мулло Тош гўё ба саволи командир сарфаҳм нарафта, ба Мирзо Аҳё нигарист:

пешина
аз 421
навбатӣ