Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Фарози сари Қашқоиро рост шуд маркаб ва соҳиб аз дунболи он...
Отряд ҳайрон, командир бетоқат, ки чаро аз Володя дарак нест, худро наменамояд, хабар аз буду нобудаш намедиҳад? Чаро марди роҳро дошта, бозпурсӣ накард?
— Мирзо Аҳё!.. Ягон найранг ҳаст?
Мирзо Аҳё ба саволи ў китф дарҳам кашид ва арз кард:
— Иҷозат бошад, бисанҷам!
Командир чизе нагуфт. Дигар касро хонд:
— Ваня!
Ва ба ишораи сар фаҳмонд, ки бар асари Володя равад. Иван Никитич итоат гўён ангушт ба чакка бурда, гунҷишквор ду пой ба ҳам овард, ки меҷаҳида бошад, пасон шамшеру камон ба даст гирифта, адирро яктоз фаромад. Командир аз паси ў менигарист ва аз дил мегузаронд, ки машқашон расо буд фиристодаҳоро, аммо чаро аз Володя хабаре нест. Иван низ дар паси шахчаҳо хам хўрд ва дерёз нанамуд. Командир хавф кашид...
— Отря-я-яд!!! – тозиёна боло карда садо дод ў бо ташвишу пуризтироб ва дар тори пули Хиштии камоншакл пайдо гаштани фиристодаро дида, бозистод ва фарқ накард, ки ў Володя ё Ваня.
— Кист ў?
Ва ба саволи ў касе ҷавоби дақиқ нагуфт: «Ба фикрам, Володя... Ба назарам, Иван» мегуфтанд. Ў кулоҳи гунбадшакли латтагии багўшак дошт. Низомиёна пўшида буд. Камонаш дар китфу ханҷар дар даст буд. Ҳар гоҳ ханҷар боло мекард ва ишораи биёед.
Командир хайрон монд, ки чаро фиристода барнагашта, хабаре наоварда, тори пул чунин ишора мекунад, ки ба таълими ҳарбии онҳо монанд набувад.
— Отря-а-ад, тайёр бош!.. Ба пеш! – фармон дод командир, аммо дар баданаш раъша давид. Чунин ҳолат кам рух мезад бо ў. Ҳатто дар ҷанги Чорбоғ чунин нашуда буд. Тани хеш ноҷўр ҳис кард ва хост Мирзо Аҳёро ба шиканҷа кашад... Вале андешаи дигар ба сараш зад:
— Мирзо Аҳё, соҳиби маркаб дастгир карда шавад!
— Итоат!
Мирзо Аҳё ба ҳамраҳонаш нигарист.
— Ман меравам! – як қадам пеш омад Норбеки беқарор, ки салла биёр, гўянд, калла меовард... Ва тозиёна зад аспашро. Аспи сиёҳаш дум бардошту чаҳорнаъл шуд, нишебиро хамиду бар фароз шуд ва дар паси чокаи сари Қашқоӣ нопадид гашт... Ва барнагашт...
Командир ҳайрон буд, ки чӣ аломатест.
— Рафиқ командир, аз як чумча хунам гузаред, ҳарфе мегўям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор