Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Командир гўё саволи ўро нашунид. Отрядро аз назар гузаронд.
Магар каси дилхоҳро наёфт, ки ба нўги пой ба рикоб истода, боз ҳамаро аз назар гузаронд ва ба нафаре фармуд:
— Володя, ҷилави аспатро ба Мирзо Аҳё деҳ... Пиёда ин сойчаро фуро... Сар-сари бораи Зарафшон пинҳонӣ бирав, хабар бигир, ки дар камарҳо ҷонзоде ҳаст ё на... Бисёр хавфнок метобад Дупулаи шумо, Мирзо...
Мирзо Аҳё пичинги ўро пай бурд, вале чизе нагуфт; хафа шуд, ки марди рус ба ў бовар намекунад, барои ҳамин одами худашро фиристод. Баъд диққат кард, ки чӣ зайл ҳама ҷо оромӣ шуд. Дунё нооромӣ, лекин дар отряд чунон оромӣ, чунон дам зада ҳаво, ки ана-ана чизе метаркида бошад. Командир аз паи Володя бадиққат менигарад, ки чун рафтор мекунад: меистад, пас мекашад, синамол мешавад... то ў барнагашта командир донад, ки чӣ илоҷ бояд кард... Фирқ-фирқ мекунанд аспон, сум мекўбанд онҳо, гўш мехобонанду гўш чих мекунанд, ҳаракат кардан мехоҳанд ва ин ҳаракатҳоро командир бештар дар аспони таҳҷоӣ мушоҳида мекунад ва дар дил қарор медиҳад, ки таълим додан лозим онҳоро.
Ин аспони беадаб метавонанд дар лаҳзаҳои танг сирри онҳоро фош кунанд. Аспи худи ў қарор меистод, гўш сих карда аз дунболи Володя менигарист, чунон ки соҳибаш. Володя хам хўрду боло шуд, боз хам хўрд, паси санг кашид худро, ба замин парчин гашт, вале ҷониби отряд наменигашт, то командир ишора кунад, ки чӣ корест.
Командир дар чокаи роҳи аз Ниёз-кончӣ меросмонда лаҷоми аспи сурхчаро кашид, лашкаркашони бузург Суворов, Кутузов ва чандеро ёд оварда, дар дил аз худ мепурсид, ки бо чӣ хидмат табъи Будёнийро хуш кунад ва ҳоло намедонист, ки сарфармондеҳи армияи округи Туркистон дар чӣ ҳол аст. Аммо ҳушу ёдаш ба ў буд. Дар сари баландии Қашқоӣ савори таковари болобаланд худро қатори онҳо медонад ва рўзе мерасад, ки чу эшон лашкаркаш мехонандаш. Лашкаркаш – Сергей Фёдорович...
Володя лаб-лаби бора мерафт. Тори пули Хиштӣ марде пайдо шуд, ки маркабашро пеш андохта, бехабар аз оламу одам гирдоби зери пулро тамошо карда мегузашт ва ҳарос ҳам дошт, ки ҷараёни об чашмашро бурда сарозер наравад... Володя ўро дида як қад парид ва хост рост шуда, ўро ба командир нишон диҳад, худдорӣ кард. Аммо командир кайҳо дида буд ўрову маркабро.
Володя аз назари командир пинҳон шуд. Дергоҳ нанамуд... Марди роҳ аз шахчаҳои канори пули хурдӣ боло шуд. Чунон бепарво, ки ҳатто Володяро диданаш маълум намешуд. Сўи отряд меомад ва ҳар гоҳ «их!» гўён ба думғозаи хар халачўб мезад. Сархам пеши пояш дида дўхта мерафт. Ба назар марди ҳақир намедид отрядро.
Ў ба сероҳа расида, ба гардани хар халачўб зада ба роҳи Ғузор гардонд. Бепарво, ором, хаёлӣ мерафт ва сар боло намекард; маркабро ба ҳоли худ гузошта буд, ки ба ҳавои хеш равад, гўё ҳарду қадам мешумурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор