Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Командир чизе нагуфт. Мирзо Аҳё дарёфт, ки чунин кораш ба ў нафорид. Оби ҷомкосаро ба замин пошид, вале ба командир нагуфт, ки об аз хуми чойхона аст. Яқин чойхоначӣ шабҳангом аз рўд об гирифта...
— Отря-яд бархез! Ба роҳ!
Командир аз рўи харита медонист, ки аз Сўҷина то Ғузор деҳае нест ва се фарсанг роҳ бояд паймуд. Аммо ҳарос буд; аз Сари Чашма, Қашқоӣ, Дашти Малла гузаштан хавф дошт. Ҷойҳое буданд, ки наозмудаву насанҷида гузаштан хатар дошт. Барои ҳамин командир ба Мирзо Аҳёву чанде мардони таҳҷоӣ фармуд, ба бероҳа рафта тафтиш кунанд, то роҳ бехатар бошад... Хабар оварданд, ки роҳ тоза ва лашкар рафтагор сўи Ғузор шуд. Аз Амондара, Майкада, Ёрии он сўи Зарафшон мардум медиданд, ки чун мераванд саворони Дашти Малла: аз зери суми аспон ғубор мехезад ба осмон; пеши лашкар метобаду давомаш на – зери чанг монда. Яқин дар роҳи танги аробагард намегунҷиданд, ба бероҳа, бо замини кишти Дашти Малла мерафтанд ва хоки нарм кардаи суми аспони пешро суми аспони пас ба осмон мебардоштанд.
— Акаи Сергей, Амондара пашол ё Ғузор? – гўё русӣ мегуфт Мирзо Аҳёи ба ном тарҷумон ба командир ва ҷавоби ўро мунтазир нашуда, идома дод: – Агар Амондара, чапиский... Дупула гузаштаганиский... агар Ғузор – ростиский... Қашқоӣ, Ғузор...
вассалом...
Хандиданд ҳама, хандид командир; хандааш музаффарона буд, дар зин нагунҷида, пойҳояшро тира мекард ба рикоб ва ба пеш менигарист, ки ҳама ҷоро дидан мехоста бошад. Ҳама ба як ранг буданд: мусаллаҳ, низомипўш, савора. Мирзо Аҳёву Мулло Тошу Мулло Исрофил ҳам, ки худро ятим, бекас, барҷомонда хонда, ба отряд дохил шуда буданд, аз дигарон фарқ намекарданд. «Озод мекунем мазлумонро...» шиорашон буд... Ҳоло мерафтанд ҷониби болооби Зарафшон, то халқро озод кунанд. Агар касе бипурсад, ки «Мирзо Аҳё», кадом мазлумро аз кӣ озод мекунед?», ў ҷавобе гуфта наметавонист.
Дар сари Қашқоӣ отряд бозистод. Дашти фарохи Амондара, Фушун ва Ёрӣ метофт ва ба ду тақсим шуда, ҷорӣ гаштани Зарафшон низ дар хамӣ менамуд ва Мирзо Аҳё ба сад забон кўшиш дошт, ки сабаби Дупула ном гирифтани ин мавзеъро ба онҳо фаҳмонад: «Ана, дар он баландӣ пули Бибихонум сохта, аз хишт...
дар он хамӣ пули Николай...» Пули хиштии Бибихонум сохта аз Қашқоӣ метобад, пули хурдӣ наметобад, хавфовар... Паҳлўи пули Бибихонум камархое менамуданд, ки як лашкар мегунҷид. Командир хавф бурд. Ба Мирзо Аҳё шубҳаомез нигарист ва пурсид:
— Дар ин ҷониб низ чунин камарҳо ҳастанд?
— Ҳаст, рафиқ командир, лекин хурд ва роҳи гузар надорад...
Магар шумо ба Амондара рафтанӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор