Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Отряди мусаллаҳ, ки аз миллату халқиятҳои зиёде ташкил шуда буд, баъди муҳорибаи зидди туркони Чорбоғ ва саргаҳи Сўҷина дам гирифтан мехост. Вале ҳайраташ беш буд аз фароғаташ, ки чаро отрядро касе дар ин деҳа пешвоз нагирифт, касе ба онҳо муқобилият накард. Онҳо қад-қади рўди Муғ аз Чорбоғ то ин ҷо роҳ сипарда, касеро дучор наомаданд. Касе бо нону намак пазироӣ накард, касе аз дару девор сар бароварда гузашти отрядро надид, кўдаке завқ накард ё нагурехт. Ҷонзоде набуд ба назар. Аз ҷинси инсон касе набуд, аммо сагҳо бо ак-аку фиғон пеш меомаданду мегурехтанд, аз сари деворҳои паст ба ҳавлиҳои дигар мегузаштанд, харҳои зиёд рўи роҳҳо буданд ва ба гузаштани аспон халал медоданд. Мурғон аз зарби суми аспҳо ҳаросида, қут-қут карда, зери шиғдеворҳо ҷо мешуданд. Деҳаи Сўҷина, ки аз деҳаҳои бузургу сернуфуси вилояти Панҷакат ба шумор мерафт, як одам надошт. Дари чойхонаи паҳлўи пул боз буд, бекас буд. Гўё дидаву дониста деҳа меҳмононро гузошта рафта буданд.
— Касе нест, гурехтаанд, – хабар овард Мирзо Аҳёи тарҷумон
– ҷавонмарди миёнақади тезчашм, ки нигоҳаш дилу ҷигари касро парма мекард.
— Гурехтаанд? Ба куҷо? – оҳанги тамасхур дошт саволи командир ва Мирзо Аҳё хуш накард.
— Маълум не, рафиқ командир! Касе пайдо нест, ки пурсам...
Дари хонаҳо кушода, дарвозаҳо боз, аммо соҳибон нестанд... Дар хонае пирамарде бистарист, ҳолати сухан надорад, ба савол ҷавоб намегўяд, ба рўи кас менигарад дароз, нафраташ ҳам маълум несту муҳаббаташ ҳам.
— Нафраташ маълум...
— «Мардум куҷо шуданд?» - гўям ҳам, як хел нигоҳ мекунад, сиёсат кунам ҳам як зайл, гўё бадро аз нек, дўстро аз душман фарқ карда наметавонад...
— Метавонад... лекин намегўяд...
Командир дигар аз ў чизе напурсид. Ба андеша рафт. Дар дил шод буд, ки «қатли ом» кора карда, дигар дилу гурдаи ҷанг надоранд одамон. «Мадад!» садо баровард командир ва рўй аз Мирзо Аҳё тофта, қадам зад, хаёлолуд; сархам, дастон пушти бар яккаякка қадам зад, дуртар рафт аз ҷое, ки рўи суфаи охирин аскарон дам мегирифтанд. Боз дуртар рафт. Ба рафти об зеҳн монд, назарашро об бурд, нигоҳаш ба равиши об лағзид ва ба куртасурхаке бархўрд, ки дар беди шикастаи миёни рўд андармон гашта буд.
Беихтиёр зеҳн монд: об лапида майитаро боло меоварду фурў медод ва ў яқин кард, ки мурдаи бесар қурбонии шабина аст. Зуд нигоҳашро гирифт, аммо даруни чашмонаш куртасурхаки бесар дар об бозӣ мекард... Тез қадам зад ў, то фармон диҳад, ба роҳ бароянд. Мирзо Аҳёи ҷомкоса ба даст аз чойхона баромада нияти ўро боздошт; оби ҷомкосаро ба командир намуд. Хунин буд об.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор