Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бихўрданд ва боз аз деҳаҳои наздик корсонҳои дигар омаданд.
Иди Қурбон шуд.
— Қурбонӣ барои он аст, то ҷавонмардон қурбон нагарданд,
– арз кард Нуралӣ.
— Дўстон! Вақте Ватан дар хатар аст, ҳеҷ кас ҳуқуқи аз ҳимояи он сар кашидан надорад! – Қаҳҳорча чунин изҳор кард ва саволҳо шуданд:
— Аз кӣ ҳимоя кунем Ватанро?
— Аз душман!
— Кист душман?
— Он, ки хоки мо помол кардан хоҳад, дунёиамон барад, пирон хору тифлон зор гардонад. Душман аз Қибла меояд, душман аз Офтоббаро меояд, – изҳор дошт Қаҳҳорча. – Вале мо набояд душманро дар хонаи хеш пешвоз гирем, балки пештар дучор оем ва нагузорем, ки пои номуборакаш ба остони мо расад!
Ҳоло ҳам меомаданд одамон. Хирманҷо пур шуд. Пирон низ меомаданд. Тариқи ҷанг ҳикоят мекарданд: лашкаркашии Искандару арабҳо, лашкари муғулу аскарони Николай-подшохро мегуфтанд; таърихномаҳо мехонданд: таърихи Суғдро, таърихи Бухороро; дар мағзи кўҳҳо ҷой шудани мардуми бечораро мегуфтанд, чӣ зайл аз ҳамвориҳо ба тангноҳо фирор оварданашонро мегуфтанд ва баъд дар бораи қатли ом, балоҳои заминиву осмонӣ, касалиҳои вабо... қисса мекарданд, ки китоб-китоб таърих шуда. Пасон фотиҳа доданд, ки дастаи Қаҳҳорча Ватанро ҳимоя кунад...
Дастаи Қаҳҳорча саду сӣ нафар буд ва то Кошона фаромадан ду саду даҳ нафар шуд. Савора буданду пиёда, мусаллаҳ буданду беяроқ, яке камон дошт, камони шикории душоха, яке камони хориҷӣ дошт, худи Қаҳҳорча панҷтира дошт; дигарон шоф доштанду шамшер, дос доштанду калтак ва ҳамин зайл ба ҳимояи Ватан бархоста буданд... Дар даҳанаи рўдхонаи Кўҳак, болотар аз Кошона хайма заданд, вале надонистанд, ки ризқу рўзӣ аз куҷо меояд. Захира нест, ҳимоятгар нест, умедгоҳе нест... Корҳо таваккалист, нақшаҳо норавшан, бешуурона ба ҷанг омода буданд, намедонистанд, ки душман меояд ё дўст ва ояд, аз куҷо меояд.
Пурзўр меояд ё камзўр... Ҳамин қадар гуфтанд, ки пеш подшоҳон паҳлавон доштанд, мисли Рустаму Сўҳробу Сиёвуш, онҳо тан ба тан ҷанг мекарданд ва ё гўштӣ мегирифтанд, касе мағлуб гардад, подшоҳ бохта буд ҷангро... вале ҳоло мамлакат бо мамлакат ҷангад, лашкар бо лашкар ҷангад, даста бо даста занад ва аз номардӣ шавад, ки чанд даста бо як даста ҷангад.

...Ва дере нагузашта саросари Кўҳистонро воҳима гирифт: дар
Масчоҳ Саид Аҳмадхон сар бардоштааст, дар Моғиён Холиқул,
дар Уротеппа Шермат... аз дигар ҷойҳо ҳоло хабар нест. Хабари тохтутозҳои Бухорои Шарқӣ ба ин ҷо намерасид.

пешина
аз 421
навбатӣ