Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аз он ҷониб бародари Қаҳҳорча мулло Нуралӣ меомад.
Корсони дастархонпеч дошт. Корсонро миёни хирманҷой гузошт.
Қоматашро боло гирифта, салом кард ва гуфт: «Иди Қурбонро имрўз мегузаронем». Ҳайрон шуданд одамон, мулло Шералӣ хиҷолат кашид, ки рўзи иди Қурбон ҷурғот овардааст.
— Мулло Нуралӣ, гумон кардам, шикорчиҳо аз боло хамиданд, ҷигарашон сўхт, гуфта, ҷурғот овардам...
— Боракалло, ако, имрўз қурбонӣ аз ҷониби ман... То ки ҷавонмардон қурбон нагарданд, қурбонӣ кардам. Идро пештар гирифтам, се моҳ...
Барои он ки мулло Шералӣ аз хиҷолат барояд, Қаҳҳорча бархоста, рафту корсони ҷурғот бардошт ва ба сар кашид. Корсонро бозгузошта «шукр» гуфт ва ҷурғоти дар мўилабаш олударо кафмол тоза кард.
— Бай-бай, ана ин ҷурғот.... Ку Ғанича, як говкаш бикун...
— Ҳмм, – димоғӣ кард Ғанӣ, – ҳамроҳи Қаҳҳорча гардӣ, «ча»
мешавӣ. Ғанӣ будем, Ғанича шудем, шукр.
— Говкаш бикун, гов гуфта чизи калонро дар назар доранд ва баднафсро, – ҳазл кард ў.
Ғанӣ корсон ба сар бардошт ва яккаш кард. Муддати дароз корсон аз лаб бознагирифт. Қаҳҳорча тоқат накард:
— Ой, дарёдаркаш! Тамоми ҷурғоти Зери Ҳисорро ба тулуми ту резанд, пур намешавад...
Ғанӣ корсон ба замин гузошт ва лаб ба Қаҳҳорча намуд, ки ақаллан тар нашуд. Қаҳҳорча хандид ва ба Мулло Шералӣ рў овард:
— Ако, дар олам ҳамин қадар ҷавонмард ҳаст, дуо кунед, ки ба пояш хор нахалад.
— Омин!..
— Ҳмм, шумо ҳамин хел хор нахалад, мегўеду нештар мезанед, аз нештар хор халад, хуб нест? – сухани Мулло Шералиро буррид Ғанӣ ва хап шуд... Мулло Шералӣ табассум кард ва идома дод:
— Омин! Эй борхудои пуриноят, шукрона карими бениҳоят, амонатро ба ту супурдем, амонатро накунӣ ту хиёнат...
Даст бардоштанд ҳама, хирманҷо аз одам пур шуда буд. Дастони ба дуо бардошта дар ҳалқаи Хирманҷо намуди аҷибе доштанд ва баробари «омин!» гуфтани мулло Шералӣ ба рўйҳо кашида шуданд.
— Дар ҳақки Қаҳҳорча ҳам як дуо кунед, ако! – шўхиомез гуфт Ғанӣ.
— Илоҳӣ омин! Душманатро сархам бинам, туро сарбаланд!
Ва баъд дастархонҳоро паҳн карданд пеши мардум. Нон партофтанду кулча, гўшт пора карданд, қатори нонҳо гузоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор