Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Вале чунин аҳвол дер напоид: дар саросари кишвар зилзила ба миён омад, оламро воҳима гирифт ва пурдаҳшаттарин хабар хабари ҷанги Чорбоғ буд: Холиқул пештар аз ҳама пешвоз гирифт «меҳмононро». Дар даромадгоҳи Сўфиён рў ба рўи беди азими Дўст корвон дастаи саворагони аскари сурхро дучор омад, соате муқобилият карду фурў нишаст даруни Сўфиён ва роҳи калони Сўҷинаро монда ба уреброҳаи Чорбоғ рафт, то аскарон нишеброҳаро бихаманд, аз пасашон ҳамлавар гардад. Аммо аскарони сурх таъқиб карданд ўро. Андар миёни Сўҷинаву Чорбоғ ҷанг шуд. Дастаи Холиқул ҷой гирифт дар деҳаи Чорбоғ, то аз паси девору дарахту буни хонаҳо шинак гирад; ҳам душман занад ва ҳам хешро ҳимоя кунад. Сахт буд ҷанг; бераҳмона мегузашт, на пир мегуфтанду на барно... Дастаи Холиқул аскарбаччаеро дастгир кард, аскарбаччаи малламўи кабудчашми мўйлабаш наврустаро... Аз забони ў на ҳарф шуниду на маънӣ фаҳмид, фармуд оташ зананд ўро. Бастанд дар сутуни хонақоҳ ва оташ заданд. Аскар забон баровард, фарёд зад: «Имдод! Ёрӣ диҳед!» Шуниданд фарёди ўро, фаҳмиданд суханашро.
Ба ёрӣ омаданд. Ҳамроҳи сутуни хонақоҳ месўхт аскарбачча...
Даррасиданд аскарони сурх. Диданд чунин ҳолро, ғазаб карданд.
Об заданд, хок заданд ба сўхта; шинелҳо андохтанд бар сараш, печонданд, то оташ хомўш кунанд. Бурриданд ресмони бастаи нимсўхтаро. Хобонданд ба рўи замин. Шинохтан душвор буд ва кӣ будани онро зуд надонистанд: рўю мўю чашму абрўй сўхта буд, дасту бадан низ...
Ғазаб кард даста. Ҷасади нимсўхтаи аскарбаччаро аз қабристон бароварданд ва сардор фармуд, то қабристонро оташ зананд...
Дастаи Холиқул шикаст хўрд. Холиқул ба Моғиён гурехт.
Баъд рўди Муғ рангин шуд: хун ба об, об ба хун омехт. Қатли ом фармуданд Чорбоғро ба муддати ду соат. Дар вилояти Панҷакат, ки ин ҳодиса ногаҳонӣ буд, мардум натавонистанд аз деҳа бурун раванд. Тифлони гаҳвора, пирони барҷомонда, занони ҳомила аз дами теғ гузаштанд. Ва дар тўли ду соат дар деҳаи калон одам намонд...
Деҳқоне меомад аз саҳро бехабар аз ҳукм. Тиру омоҷ бар гардани барзаговон, пеш ронда меомад. Ва ҳоло ки мўҳлати қатли ом тамом нашуда буд, панҷ тир заданд ҷуфтгарро. Наафтид. Бехабар аз гиру дори ҷаҳон нигарист сўи осмон, чизе гуфтан хост, натавонист; дар ҳаво монданд дастон, боз буданд чашмон, яке калавиду биафтид ба рўи омоҷ. Бонг заданд барзаговон ва ҷасади соҳибашонро кашола карда оварданд… Дами дарвозаи баста биистоданд, ки соҳиба чун пешин дарвозаро мекушояд, тиру омоҷ аз гардани эшон мегирад; медароянд, наҳорӣ мекунанд, дам мегиранд, кафшеру нўшхўр мекунанд ва боз пагоҳ ба дашт мераванд. Аммо дари дарвоза кушода нашуд. Истоданду истоданд, бонг заданду аз рўи имкони гардани баста андаке сар ҷониби соҳиби рўи омоҷ хобида тофта, бўй кашиданду наъра заданд, пой кўфтанду пас-пас рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор