Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марям эзор пўшид, аз рўи мўи зарринаш рўймол баст ва қарси докаи сафед рўяшро сафедтар нишон дод. Баробари ҳама шину хез мекард, ба рафтори ҳама бодиққат менигарист; даст бардоранд, даст мебардошт, ба рўй кашанду омин гўянд, ончунон мекард, вале мисли дигарон пой қат карда ба зер гирифта нишаста наметавонист. Дам ба дам пойҳояшро дароз кардан мехост, вазнашро аз по ба по мегузаронд, меҷунбид ва онҳое ки ўро дида натавонанд, «кирм даромадааст» мегуфтанд. Ў аз имову ишораҳои занони сода мефаҳмид, ки дар хусуси ў мегўянд, дарди поро баҳона карда мебаромад... Дар давраҳои зиёд намешишт ё намерафт. Дар хонаи Шариф баҳузур мешинад, чӣ зайле ки дилаш хоҳад.
Шарифа ҳарчанд Иззатро аз роҳаш гардонданӣ шуд, нагашт; Марям занаки хуб, гуфта фаҳмонданӣ шуд, нафаҳмид. Чунон ки аз тундбод сару рўй печида ба муқобили он равад, барҳои саргиракро зери дандон дошта мерафт. Шарифа ба Марям менигаристу нигоҳашро аз чашми ў мегурезонд, то чизе пай набарад, нафаҳмад, ки касе аз ў ҳазар мекунад. Ба хонадони Шарифа хуш омада буд Марям. Ва намехост, ки аз хонааш нохуш равад ва ё худро дар ғурбат эҳсос кунад. Раҳмдил буд Шарифа, аз ин рў ба пастиҳо тоб надошт. Муқобили Зуҳур буд; зидди усто Карим баромад, вале дар асл чунин корҳоро намехост. Аз рўи зарурат кард он корҳоро ва аз маъракаҳо маҳрум шуд. Охирин маъракаи рафтааш маъракаи Моҳбӣ буд... Дар хонааш роҳ додани Марямро гап карданд, Гулсифатро рабудани Бурҳонро пичинг заданд; чунин намекард, ба ин хонадон кӣ духтар медод, гуфтанд ва ҳарфҳои зиёд, ки Шарифаро аз маъракаҳо боздошт. Гўё як муддат ҳама кори дунё басанда гашт, рўзгор ором шуд: дигар чизе таҳдид намекунад ба оилаи онҳо...
...ва аммо Зуҳури чанд муддат ғайбзада пайдо гашта, гўё замину замонро ба ҷунбиш овардан хост. Дар такудав афтод. Мол кушта, дар боғаш дегҳои қатор нишонда, таом мепухт, ки меҳмонони олиқадр меоянд... Зуҳур се шаборўз раҳ поид, хўрокҳо вайрон шуданд,. меҳмонон наомаданд. Кайфаш парид. Саги сўзанхўрдаро мемонд. Ва касе намедонист, ки чунин рафтори Зуҳур аз баҳри чист. Нонҳо хушкиданд, гўштҳо гандиданд. Боз дар гўшаи боғаш буққаи парворӣ пайдо шуд, серкаи дарозпашм, ки заминро мерўфт ва қўшқори чанбаршох. Зуҳур фармуд, ки шабҳангом таоми туршидаро ба оби рўдак андозанд ва гўштҳои гандидаро пеши сагон. Ончунон карданд. Зуҳур чу мурғи дарди зо гирифта ҷои нишаст намеёфт. Боғро давр мезад, ба роҳи дашт менигарист аз сари девор... Ва ба ҷои меҳмон хабар омад: «Амири Бухор карда, фирор ба ҷониби Ҳисор...» Аммо ин хабар заррае табъи Зуҳурро хира накард. Барои ў фарқ надорад. Агар одамони амирро пешвоз гирифта натавонад, душманони ўро пешвоз гирад... Зуҳур дар ду олам ҳам роҳи зиндагиашро меёбад, дар ду дунё ҳам хушомад зада метавонад, лаган мебардорад; як харҷ карда, ҳазор ба даст меорад.

пешина
аз 421
навбатӣ