Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мисли дигарон нест, ки на хўрда тавонанду на аз сари охур дур рафта. Ба назараш ҳам, дар хақиқат ҳам илоҷи ҳамаро ёфт, илоҷи ҳар корро пайдо кард... аммо... аммо бо Шарифа...
Меҳмон ҳар кӣ буду набуд, наомад. Зуҳур бозиро бохт. Масхарааш карданд. Ба рўяш не, балки дар ғайбаш масхара карданд; ин корро Ҷўра-чатоқ кард: ҳама баччаҳои деҳро дар гирдаш ҷамъ овард, Санглохро боғ пиндошт ва фармуд ҳама ҷоро тоза кунанд, алафи боғро дараванд, дар паяш ҷой андозанд, дегҳоро қатор шинонанд, танўрҳои барқад сохта, беҳтарин нонпазҳои Самарқандро оваранд, бозор тозанд, ба кўҳ рафта мол оранд, қассобҳоро даъват кунанд, ба тамоми деҳотиён фармоянд, ки дар кўчаҳо рух нанамоянд, кашолаву даридаву бечорааҳвол дар роҳҳо пайдо нашаванд, то меҳмонони олиқадр онҳоро дида нагўянд, ки мулки Шоҳ Зуҳур нообод будааст, мардумаш қашшок, маданияти халқаш паст, ҷандапўш, бечора, берўзӣ, сархам, итоаткор... нагўянд. Ҳар кас фармонро иҷро накард, сар аз танаш ҷудо. Сар кардем!
— Сароғоз писари усто Қодири ланг Бурҳони зандуздро ба даст меоред! Деҳаро ў вайрон мекунад! Баъд модари ў – зани усто Қодири ланг – Шарифаи ошўбгарро дастгир карда, ба думи асп баста, вазза карда меоред, ки чашми ҳама занону духтаронро бедор кард, тарсад чашмашон! Вай нишон дод, ки зан ҳам мубориза карда метавонистааст... Пасон ҳар касе, ки ба хонадони усто Қодири ланг равуо дошта бошад... Лекин зинҳор ба писарони усто Қодири ланг – Ҷўраву Сангин намерасед, ки онҳо баччаҳои хубанд, ошўбгар нестанд, ба ҳар тарафе, ки мо хоҳем, мегарданд, ҷояш ояд, ба бародарашон хиёнат мекунанд.
— Ўй, очаи зората нишон медиҳем, Шоҳ Зуҳур!! – хитоб карданд бародарон, – Мо барои бародар ҷон медихем, сар мебозем.
Мегуфтагии ту дигар кас. Шикаматро рост чок кунам?
— Қассоб! Бардоред онҳоро! Бародаронро! Аз гўшташон барои меҳмонони олиқадр қимакабоб пазед!
— Тушбераро хом мешуморӣ, Зуҳуршоҳ! Мебинӣ, ки ҳама бародарони моянд! Мо якҷоя мубориза мебарем! Замони зулмат гузашта...
— Қассоб!!! Аввал забони ўро бурред! Аз пушти сараш кашед забонашро! Зудтар! То ба дигарон панд шавад!
— Ту забони моро буррида наметавонӣ! Мо сари туро мебуррем! – мушт боло карда гуфт Сангин ва дигарон мағал карданд:
– Ҳо-ҳо! Сари Шоҳ Зуҳурро мегирем!
Касе гирист аз миёни баччаҳо. Хомўшӣ ба миён омад. Ҳама ба ў нигаристанд, хандиданд. Бачча баландтар гирист. Писари девонаи Зуҳур буд ў. Ба саҳначаи Ҷўра-чатоқ бофта иловае буд.
— Чаро гиря мекунӣ, писарам? – пурсид Шох Зуҳур — Шоҳо, наҷот диҳед маро, аз дасти Зуҳур-девона наҷот диҳед!

пешина
аз 421
навбатӣ