Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин ба хислату феълу хўи ҳама бодиққат, бозеҳн ва мушоҳидакор буд. Ў шунида буд, ки ба дунёи афсона омада; инак афсонаро бо ҳама маънояш медид. Мардуми кўҳпора аз ҳад зиёд сода, бамеҳр, одамдўст, зудбовар, лозим ояд, ҷон дареғ намедоранд... ва агар эътиқодашонро гардонӣ, мраккаб, ҷоҳил, нобовар шаванд; аз имон гарданд; аз паи дасиса, ҳиллаву найранг афтанд ва касе онҳоро аз роҳашон гардонда натавонад. Гўё Худои некӣ ҳам, Худои бадӣ ҳам – Ҳурмузду Аҳриман дар ҳамин деҳаи хурд ба дунё омада бошад... Марям мебинад ин ҳамаро ва афсўс мехўрад, ки саводи казоӣ надорад ва шакл дароварда навишта натавонад.
Ба хотир гирад, ҳодисаву воқеаҳои нав ба миён оянд ва кўҳна аз сар дур шавад. Ў афсона бофтан хоҳад: Шарифаву Зуҳурро, Шарифаву қозиро, Гулсифату Бурҳонро, худашу Шарифро ва боз дасисаҳоро, ки кори шайтон бошад. Лекин дар бораи шайтон навиштан кори осон не, барои ин шайтонтар бояд буд... Боз як афсона дар бораи зодагони Шариф ва фарзандони ў: Марям талқин мекунад, ки Шариф бо онҳо оштӣ шавад, ҳаёти онҳоро талх нагардонад, фарзандон хор шуданд, ў розӣ нашавад; Марям зиндагии якҷоя мехоҳад, Шариф сар нафарорад ва пеш орад, ки ўро ба чизе, касе, мамлакате иваз накунад. Марям аз ин ҳарф ифтихор дорад, аммо зери дилаш ғаш кунад, ки фарзандро хор кардан нашояд, бо онҳо рўинодид будан ҳам хуб нест... Ва Марям дилшикаста ба Гулсифат нигарад:
— Ту медонӣ, ки чӣ моҷаро шуд дар хонаи мо?
— Не, Марям, чӣ шуд?
— Модари Шариф омад, ҷанҷолу хархаша шуд, аз хона баромада рав, гуфт; деҳаро тарк бикун, ношуста, гуфт; агар баромада наравӣ, оташковро тафсонда, дар миёни поят медорам, гуфт...
Гулсифат маҳзун гашт, ба андеша рафт, чӣ гуфтану чӣ карданро намедонист. Дилаш мегуфт, ки биё ба хонаи мо, забонаш намегашт, ки худаш низ дар ҳукми Марям аст – бегона; ҳоло ҳам ҳуқуқи соҳибхона буданро надорад. Зани қонуниву ғайриқонунӣ ҳамин қадар фарқ доштааст.
Девонеки кампири Моҳбӣ Иззат омад, вале аз остонаи хонаи Шарифа надаромад. Донист, ки Марям ин ҷо, гурехт, аз рўи фаҳму фаросати худ, бо кофир рў ба рў шудан мумкин нест, гўён гурехт.
Ў бачча афгона кардани Гулсифатро шунида омада буд, ки авфу алас кунад, агар тарсида бошад, сиёҳӣ аз танаш рафъ гардад; ҳозир будани Марямро дониста, саргирак ба сар кашида гурехт, то «беимон» нагардад... Ҳарчанд Шарифа ба ў мефаҳмонд, ки Марям нимчамусулмон: эзор мепўшад, рўймол мебандад, аз ҳарфи Шариф берун намебарояд... ният дорад, ки рўзаву намоз ҳам гирад, Иззат бовар намекунад: «Кадом кофир мусулмон шудааст?» гуфту аз дарвоза бадар рафт. Вале Марям нияти онҳоро пай набурд.

пешина
аз 421
навбатӣ