Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўш андохт, садое наомад.
Гумонаш Бурҳон якмарг шуд... Вале бовар надошт, ки чунин шуда бошад. Овозаи мардум, ки Раҳим камонхарӣ рафта бошад, рост баромад... Якбора ба буни хона баргашта нигарист; хаёлаш чашми ўро ба сўе нигаронд, ки Бурҳон чу сайди шикастабол ба хоку хун ҷўлида, кашолу молон меомада бошад. Аз паҳлўи хона шарфаи хазон шикаста омадани касе ба гўш расид. Ҷўра дар китф камон ва дар даст аккаи мурда пайдо шуд. Чашмони Гулсифат сиёҳӣ заданд, ки ин афандӣ чӣ кор кард. Хандон меомад, ки шикораш барор гирифт, аммо Гулсифат аз ҳуш рафт. Инак тарсаш рў зад, баданашро хунук гирифт. Ҳама ба ҳар тараф парешон: Шарифа ба мурдаҳона рафта, аммо маълум нест, ки Бурҳон куҷост. Гулсифат чашм пўшида, беҳушона такя ба девор зада буд, хандаи Ҷўра-афандиро медид, аммо дар сараш – мағзи сараш равшание буд, ки Бурҳонро напаррондаанд; шукр...
— Писари ҳамсоя шабҳо тар мекардааст, хоҳиш кард, ки як акка зада диҳам.
Бепарво гуфт Ҷўра, ки дар олам ғайр аз ин андешае, коре набошад. Ҳатто пай набурд, ки Гулсифат дар чӣ ҳол аст. Аз ранги паридаи ў чизе нафаҳмид. Ба коҳдон даромад, камон пинҳон кард ва акка ба хонаи ҳамсоя бурд.
Гулсифат хона даромада дароз кашид. Модаршў омад, Бурҳон омад. Ҳолати ўро дида ҳайрон шуданд. Ҳарчанд бозпурс карданд, Гулсифат ҷавоби равшан надод: «намедонам, худ аз худ нотоб шудам» гуфт...
Хун омад аз болои тифл, пасон афгона шуд. Аммо аз ваҷҳи камондории Ҷўра-афандӣ чизе нагуфт, то миёни бародарон носозӣ нашавад... Лек ҳарфи зиёд миёни мардум шуд: Худо нишон дод, гуфтанд, агар он фарзанд ба дунё ояд, ҳаромзода буд, зеро ғайри шаръӣ, беникоҳ, бебисмиллоҳ, гуфтанд; дуои модари Раҳим, хуни усто Карим гирифт, гуфтанд ва боз ҳарфҳои дигар...
Марям шунида омад. Ўро дилдорӣ дод, ки ҳоло ҷавонанд, фарзанд мешавад, худашонро эҳтиёт кунанд. Ва дар омади сухан гуфт, ки сабабгори ҳамроҳи Бурҳон гурехтани Гулсифат гўё ў бошад; чунин овоза шуда, кунун нафрат мехонанд ба ў: оилаи Шарифи Муродро вайрон кард, бо падару модар рўинодид шуданд; ба ин қаноат накарда, Гулсифатро бероҳа гардонд; аз қозӣ дархост карданд, то ҳукми раҷм кунад ўро. Вале қозӣ гўш ба карӣ андохт...
Марям ҳарфи мардум шунида буд, аз ин рў ба назди Гулсифат зиёд намеомад, ҳарчанд мехост бо Шарифаи афсонавӣ зиёд шинад, бисёр диққат диҳад, чизе дарёбаду ҳайраташ камтар шавад, вале баҳона ва имкони омадан намеёфт. Вақтҳои аз карда пушаймон шуданаш Шарифаро пеши назар меовард, баҷуръат мешуд, тан додан намехост; ба иғво, дасиса, вайронкориҳои одамон эътибор намедод...

пешина
аз 421
навбатӣ