Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Охир ту мард-ку! Чаро гиря мекунӣ? Бихез!
Пас модар хандид. Хост бо ин роҳ хотири писару арўсро шод кунад, натавонист, гирист: овозаш ларзид, ашки чашмаш шорид, дасту пояш суст шуд, сари Бурҳонро сила кард, мўйҳои аз Русия савғо овардаро панҷа зад, то таскин ёбад... Худ аз худ пойҳои ўро раҳо кард Бурҳон. Шарифа паҳлўи писар нишаст, сарашро оғўш кард, бўид, бўсид. Бўи сўхта медод мўи сари ў; чанд вақт боз нашуста, дар хоку чанг оғишта, бўи сўхта медиҳад, ҳарчанд ки бояд бўи нам ва ё заҳи ғорро диҳад. Шарифа ба Гулсифат нигарист ва ишора кард, ки паҳлўяшон шинад. Нишаст Гулсифат. Шарифа сари ўро низ ба сари Бурҳон наздик дошта, ба банди дилаш пахш кард ва оҳиста овоз баровард: «Ба қадатон химча нашиканад...»
Ҳар се дар лаб табассум доштанд ва ашк пок мекарданд...
Гулсифат узви хонадон шуд. Аммо зани беникоҳ буд. Шарифа зиндагии онҳоро ҳалол намедонист ва ба писар фармуд, то никоҳ кунад. Муллои деҳа ба ин кор розӣ нашуд, ки ҳоло Гулсифат дар никоҳи писари усто Карим аст ва то ў талоқ надиҳад, никоҳ норавост. Вале ғаразаш дигар: аз Раҳими девонафеъл метарсид. Рўзе мерасад, ки ё бо Бурҳон ё бо Гулсифат ё бо мулло коре мекунад...
Вале Раҳим ба ҷои ин кор аз деҳа ғайб зад. Бедарак, касе намедонад, ки куҷо шуда... Овоза карданд, ки ба устое камон фармуда, камонро оварда тухми нажоди усто Қодирро нест карданист ва боз Гулсифатро ба хонааш бурданист.
Хеле вақт гузашт. Аз Раҳим дарак нашуд. Модари Раҳим мегиристу навҳагарӣ мекарду дуо. Вале ҳоло ҳам аз писараш дараке набуд...
Гулсифат обистан шуд. Хуррам буданд. Агар дар хона танҳо буданд, Гулсифат чунон менишаст, ки танаш ба тани Бурҳон расида бошад: ба ў такя зада истад. Гўё муҳаббат ҳамин, ҳаёт ҳамин, заношўӣ чунин. Гулсифат дигар хелашро намедонад; хубтарашро надида, чунон ки орзу дошт, як рўз бошад ҳам, кас одамвор умр ба сар барад. Аз Раҳими ҳатўли девонаавзоъ чизе надид; на навозишро медонист, на одобро, саҳро мерафту меомад, ҳамон ист бо бўю тафи бадан мехобид ва дар назди Гулсифат чунон вонамуд мекард, ки шоҳзода бошад ва Гулсифат канизак. Гулсифат ором буд ва дар дил аз Худо мепурсид, ки ё аз чунин даргоҳ халос кунад ё ҷонашро бигирад. Вагарна ў намеёрист бо Бурҳон чунон кунад. Гўё дар рисолаи ахлоқи ин диёр навишта нашуда, ки зан чунин рафтор кунад ва касе ёд ҳам надорад, ки зан аз ҷогаҳи шў гурехта бошад.
Ва он рўз аз пушти боғ садои тир баромад. Гулсифат дар хона танҳо буд, сахт тарсид. «Девона корашро кард...» аз дил гузаронд ў, вале аз ҷой ҷунбида натавонист, то хабар гирад. Хаёлаш бар қадаш чизе фурў афтид, даму нафасашро як лаҳза аз зиндагӣ боздошт.
«Чӣ кори кардаам буд? Аз он рондаву аз ин монда шудам». Танаш раъша кард, дар ҳолати нобоб монд; ҳарчанд ҳаракат дошт, ки хеста, рафта нигоҳ кунад, натавонист.

пешина
аз 421
навбатӣ