Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Шарифа дар хонаи калон пўстаки барқад андохт, то онҳо гарм бошанд; дар ғор нам кашиданд, инак гарм шаванд. Аммо чизе напурсид... Гўё ҳарфе пурсад, ҳама чиз такорў мешуда бошад ва ё безобитагие ба миён ояд. Дастархон паҳн кард...
Гулсифат дар кунҷи хона, ки чодари арўсиро одатан он ҷо мекашанд, рост меистод. Лаб мегазид, ангушт мушт мекарду мефишурд, тазйиқ меёфт дилаш, ғусса мехўрд худаш, ки шояд ба назари Шарифа як арўси берўи беиззати танбахшида тобад... Ў коре кард, ки касе аз занони ин деҳа накарда, афсона метобад рафтори ў, гўё одами зинда дар пеши назар ин корро набояд кунад... Фишор мехўрад дилаш...
Шарифа низ камтар аз Гулсифат дар сар андеша надошт. Медаромаду мебаромад, ин меоварду он, меангошт, ки Гулсифатро намебинад, рафторашро пай намебарад ва сабаби рост истодани ўро намедонад.
— Оча, арўс намешинанд!
Шарифа ҳамаашро мефаҳмид, аммо гумон надошт, ки Бурҳон шўхиомез мегўяд ин ҳарфро.
— Арўс шинанд... Ҷонам, молам, закоти ҷони арўс!
Гулсифат нанишаст, балки пеши пои Шарифа афтид ва гирист. Чизе нагуфта гирист, то Шарифа ҳама чизро дарёбад, ҳарфи дилашро гўяд. Шарифа ё дониста ва ё ҳарфе наёфта ва ё ноогоҳ аз муроди ў чизе нагуфт... Бардошт Гулсифатро, сила кард сару рўяшро. Хуб нигарист ба сару рўяш, бўсид аз пешониаш, пахш карда ба банди дилаш. Гулсифат намедонист, ки барои дар хонадони усто Карим бо чунон шў хор буданаш чунин рафтор мекунад ва ё барои ба хонаи ў омаданаш... Шарифа пай бурд, ки чизе ба пойҳояш печид. Сахт ҷафид. Надида, ҳама чизро дарёфт. Арўсро оҳиста раҳо кард ва хам шуда дастони печони писарро аз пой ҷудо карда гуфт:
— Бихез, ба мард назебад ин кор!
Аммо Бурҳон нахест. Сар бар пои модар мегирист... Ҳоҷат ба ҳарфе набуд. Ҳама кор шуда, ҳама сухан гуфта, қисмат маълум, саргузашт маълум, хоҳишу дилу ният маълум... Обро пора карда намешавад.
— Бихез, баррем! Гуноҳи ту кам аст дар ин кор... – ва барои он ки Гулсифат парешон нагардад, идома дод: – Гуноҳ – гуноҳи ман!
Бурҳон нахест, балки баланд гирист; хориаш омада гирист, азоби модар, хориҳои падар ва оворагиҳои худу қисматро ёд оварда, гирист; мунтазир буд, ки модар як ҳарф гўяд: «Аз гуноҳат гузаштам». Ҳарчанд ки ў ин ҳарфро кайҳо гуфта буд: «Агар Бурҳон зинда бошад, аз ҳама гуноҳаш мегузарам».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо