Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шодӣ накун! Мисли ман ту ҳам месўзӣ... кас ба ҳоли дигарон набояд хандад...
— Чун нахандам, ки шумо акомро зинда ба зинда куштед! Ў зинда, ҳар рўз ман барояш чизу чора мебарам. Пай набурдед, ки тутмавизатон кам шудааст, надидед, ки чормағз ҳам ним халта мондааст; кашк ҳам... Шумо хона равед, ёфта овардани ако тани мо... Ҳа, қавл диҳед, ки бад намегўед...
— Зинда ёбед, аз ҳама гуноҳаш мегузарам...

...Ва Бурҳон омад. Аз дасти Гулсифати зебо гирифта омад.
Шарифа чӣ кор кардану чӣ гуфтанро надониста, оҳиста аз ошхона баромад, ба боғ рафт ва вақте ки ашки чашмонаш хушк шуд, табассумкунон баргашт. Табассум дошт Шарифа: барои писараш, барои арўси нохондааш. Аммо буғзи гулў ҳолати ўро дигаргун мекард ва даҳонашро талх. Ў оби даҳон фурў бурда, гулў нарм кардан мехост, аммо мепиндошт, ки қатраи заҳр фурў мебарад. Ў табассум кардан хоҳад, хандидан хоҳад, хуш гуфтан, хуш қабул кардан ва пеши пои арўси нохонда мурдан... натавонад; балки дар ниҳодаш як сирри ногуфтанӣ дорад; ҷиготи гирифтааш, гиреҳи миёни абрўвонаш, ғамбодаи гулўяш шаҳодат бар ин диҳад.
— Хуш омадед!
Боэҳтиёт овоз баровард ў. Онҳо пай бурданд, ки садояш нест, балки моиндар хуш омадед мегўяд ё зани ҳамсоя. Чунин буд дар назари онҳо, аммо Шарифа андешаи дигар дошт: «Бурҳон қасд ситонад». Дили Шарифа мехост, ки аз пешонии Гулсифат бўсад, ҳамчу духтар ба оғўш кашад, бипазирад, то дили Бурҳон бардошта гардад, вале гиреҳе буд дар миён; гиреҳи бадномӣ, хархашаву гапу калоча, қасоси шавҳари Гулсифат.
Дар ин деҳа каси ғайр нест ҷуз Марям. Ҳама тагу тирези якдигарро донанд. Агар касе гузаштағони худро надонад, дигарон ҳикоят мекунанд, ки бобои бобокалонат, бибии бибикалонат чунин буданду чунон. Вале Шарифа ҳама чизро медонад: ҳафт пушти падарӣ, ҳафт пушти модариашро, ҳафт пушти Гулсифатро низ.
Ба ў ягон адоват, кина ё буғзе надорад, шод аст, ки чунин арўс аз дари хонааш даромада, аммо дилаш намешукуфад аз чунин кор; аз шавҳари ҳатўлу девонаавзоъи ў хавф дорад. Медонад, ки Гулсифати мактабдида чунин шўро муносиб надониста ба ин роҳ рафта; донад, ки Бурҳон дидаву дониста ба ин кор даст зада, бо сар бозӣ хоҳад кард... Ў Гулсифати резапайкари зеборо дуздид, ёри ғор кард, инак мехоҳад ҳама донад, ки ин мурғи зебо дастомўхти Бурҳон аст. Дар ҳақиқат зебост Гулсифат. Сафедаки сиёҳмўи чашму абрўяш низ сиёҳ, дар пушти лабаш холи сиёҳ ҳам дорад, ки ба чашми булбул монад ва ба он рўи сафед шинам. Шарифа ўро охирин бор рўзи рўбинон дида буд: ба тори чодараш як рўймоли фаранг андохта, сарандози ўро андаке бардошта, дида буд ва ҳамон вақт аз дил гузаронда буд, ки кирои арўсдорист, вале гумон накарда, ки рўзе чунин арўс аз дари ў медарояд...

пешина
аз 421
навбатӣ