Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Ба нодонӣ намезанам, ҳамин қадар пай бурдам, ки ягон ҷоят мехорад, бузро шохаш хорад, қўши чўпонро кобад...
— Бурҳонат куҷост?
— Намедонам!
— Надонӣ, мурдаатро омада бинад!
Шарифа дид, ки ў девонагӣ дорад, даруни хона шуд ва дар ба рўй баст. Усто Карим аз чунин гурези Шарифа шерак гашта, ҳаво гирифта, бо лагад дарро зад, кушода нашуд, сахт зада дарро парронд ва даромаданӣ буд, ки Шарифаи потешабадастро дида, дами дар ҳайкал шуд. Шарифа дандон ба дандон монда буд: «Сагро аҷал расад, ба одам дандон тез мекунад». Чу модашери хашмӣ сар пеш гирифта, чашмон косаи хун омода ба ҳуҷум буд.
— Асбоби устоӣ барои ҷанг не... Мард бошӣ, асбоби ҳунар аслиҳаи ҷанг накун! Ман бо қадоми шумо сар ба сар шавам? Шумо, беномусон, зиёдед! Ман – як тан! Чӣ гуфта, бепурсиш ба дари ман ҳамла мекунӣ?
Ў пеш мерафт, усто Карим пас-пас. Ҳамин қадар монда буд, ки неши потеша ба сари ў бархўрад. Шарифаи аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ ба хашм омада, ҳамчу оташ аланга мегирифт:
— Гумон карда будам, рўзи Зуҳур ба ҳама мардони деҳа дарс мешавад... Ҳезалак! Кадом мард ба сари зан теғ кашида омадааст?
Эзор кашида диҳам, бипўш! Арўси туро даруни эзорам гирифта шиштаам? Писари ту зан саришта карда натавонад, гуноҳи ман чӣ? Ё аз барои худат ин қадар... астағфируллоҳ!
— Ин чӣ моҷаро, Шарифабону? – аз дарвоза садо кард Моҳбӣ ва заҳраи усто Карим даррид: «Худо зад, бадном шудам».
— Шон дар рўзи равшан ба сари ман омадаанд...
Моҳбӣ хандид ва якбора авзояш дигар шуда, ҷинаш гирифт ва ҷониби усто Карим даст ёзид, то миёни пояш панҷа зада моякаш кунад. Усто Карим дасти ўро зада дур кардан хост ва теғаш сарангушт ва ангушти миёнаро то устухон буррид ва хуни фаввора задаро Моҳбӣ дошта натавониста, ба рўи усто Карим пошид; пушти даст афшонд, аз дастор то эзори ў хунолуд шуд. Пиразан гуморид, ки дигар хун боздошта нашавад, ба мардак наздик омада ба сару рўяш молид. Теғи алмососои ў барқвор аз паҳлўи гардани Моҳбӣ гузашт ва пиразан сўзиши он ҷоро доштанӣ шуда, дасти чап ба гардан бурд, ба панҷааш хуни гарм расид... Аз шоҳраги гардани Моҳбӣ хун мепарид...
Шарифа потеша тори сар медошт ва ба таҳдиди усто Карим меомад. Ў хуни дасту гардани Моҳбиро дида, пеши чашмашро хун гирифт ва надонист, ки чӣ зайл мўҳраи потеша бар фарқи сари усто Карим бархўрд ва ҳамон замон потешаи вазнин аз дасташ афтид ва Шарифа ба мадади Моҳбӣ расид.
Моҳбӣ лаб ба лаб фишурда, аллакай ба тақдир тан додагӣ барин дудаста раги бурридаро медошт ва аз байни ангуштон заҳидани хуни гармро намедид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо