Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рост... ба либос пўшидан тоҷик намешавӣ, тарзи либоспўшиат тоҷикона мешавад, аммо Марям мемонӣ. Мусулмонони кофир кам нестанд...
Аз чунин ҳарфҳо Марям дилтанг гашта, кўча баромад. Гулсифатро лаби об дид, ки нав кўза ба об зада. Онҳо забони ҳамдигар намефаҳмиданд, бо имову ишора матлаб мефаҳмонданд ва нашавад, Гулсифат аз дасташ дошта ба хона мехондаш. Марям баъд дарёфт, ки Гулсифат барои шавҳарашро нишон додан ўро ба хона бурдааст. Ҳатўл, кашола, дилнокаш... метофт шўи ў. Марям дар дил мегуфт, ки Гулсифат ҳайф шуда. Рўзе Гулсифат номи Бурҳонро ба забон гирифт, дигар чизе нагуфт; агар гўяд ҳам, Марям намефаҳмид. Аммо Марям аз ҳамин як ҳарф ҳама чизро дарёфт. Гулсифат назди Марям меомадагӣ шуд. Ҳамсояҳо огоҳ гаштанд аз сирру савдо. Овозаҳо ба гўши усто Карим расид ва ў покуи сартароширо урён дошта омад, ки ҳам сари арўсро мегираду ҳам сари Бурҳонро... Аммо дар хонаи Шариф на Бурҳон буду на арўс. «Як-ду бор аз дарвоза сар халонда буд, дигар арўси шуморо надидаем!» гуфт Шариф, аммо усто Карим бовар накард. Ғазабашро ба сари Марям рехт, ки аз Русия думи мардакро гирифта омаданаш бас набуд, ки дигаронро низ бероҳа мекунад.
— Бева, бигўй, ки онҳо куҷо шуданд?
— Ба Русия гурехтанд, – пичингомез гуфт Марям. Усто Карим бовар кард магар? Бовар накард. Покуи чархдошта дар даст оғилу коҳдон, ошхонаву обхона ва хонаҳои дигарро хабар гирифт; ба по зада дарҳоро кушода ва ба ситеза пўшида, сандуқу таксандуқаҳоро чаппа карда, ҳама ҷоро аз назар гузаронд, дар торикӣ охури молҳоро дастмол кард, рўи бом баромад. Девонасурат ларзид, девосо ғуррид, ваҳшиёна дарафтиданӣ шуд.
Марям аввал хуб тоқат кард ва дид, ки намешавад, калтаки дар девори оғил такя гузоштаро гирифта, ба осмон бардошт, то ба фарқи сари ў фарорад, ў тарсида пас-пас рафт... ва ҳамону ҳамин дигар ба ин ҷо наомад...
...Поку дар даст девонаавзоъ, пурғазаб, осемасар ба сари Шарифа рафт. Ва дўғу пўписа кард: «Каллаи ҳамаатонро сабча барин мегирам!» Шарифа лаби марза истода, ба рафтори носолими ў диққат дод ва гўё аз усто не, аз каси дигар пурсид:
— Ин балои дигар аз куҷо пайдо шуд?
— Мегирам сабча барин каллаатонро! – теғ дар ҳаво алвонҷ дода, оби даҳон парронда, чашмон хунгирифта, беҳушона дод зад усто Карим.
Шарифа аз ваҷоҳати ў тарсид. Барои ўро аз раъяш гардондан ва андаке шасташро фуровардан пурсид:
— Чӣ шудааст, усто?
— Худро ба нодонӣ назан, бева!

пешина
аз 421
навбатӣ