Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шарифа дарёфт, ки ноҳол мешавад ва ҳоҷат ба латтамут нест. Саргираки теғбурридаро гирифта, дастони Моҳбиро аз гардан дур карда хунро рўфтанӣ шуд, вале дид, ки хун сўи сар мепарад, лаб газида шоҳрагро сахт доштан хост. Чун пай бурд, ки аз ўҳдаи боздоштани хун намебарояд, фарёд зад, то ба имдодаш касе расад. Рўймоли докаи сарашро кушода ба гардани Моҳбӣ пахш кард, сурх гашту хун бознаистод... Ва дид, ки Моҳбӣ аз ҳолат меравад, рўи роҳ дароз хобонд...
Паҳлўтар усто Карим замин газида мехобид, чашмонаш боз буданд.
Шарифа миёни ду мурда монда буд ва тақдири бади хешро маломат мекард, андеша дошт, ки ба мардум чӣ ҷавоб медихад. Ҳатто ба сараш намегунҷид, ки дурўғе бофад: «Ман куштам, ҳақиқати хол ҳамин». Ва ў ҳарфашро ду накард... Яке аз сари теппа ин воқеаро дида омад, дигаре садоро шунида омад, яке аз дигаре хабар ёфта омад ва ҳавлии Шарифа одамонро набурд, гўё рўзи Маҳшар буд. Шарифа ҳеҷ як меҳмони нохондаро наронд, балки овоз медод, мурдаашонро бардоранд... Ва миёни тамошогарон миш-миш шуду ғалмағал; мушткўбӣ, дастогиребон; ду гурўҳ ба дарвоза тамба мешуданду пас мегаштанд, ҳамдигарро ба девор пахш мекарданду пас меомаданд... дашному даҳонҷанг боло гирифт ва касе набуд, ки мурдаҳоро бардорад...
«Ин мардак дар рўзи равшан теғбадаст ба сари ман омад, ана теғаш дар дасташ, холаи Моҳбӣ азми ўро дида ба вай дарафтод, бинед, бо теғаш ангушту гардани ўро буррид... ва ман қасосамро гирифтам... медонам, ки хеҷ яки шумо ин корро намекунед». Чунин гуфтанӣ буд Шарифа, ҳайфо, ки гўши суханшунав пайдо набуд.
Шарифа хомўш монд...
...Ва Шарифа ин ҳарфро дар додхона гуфт. Баъди он ки мурдаҳо соҳибдор шуданд, гўру кафан карданд; усто Каримро писару хешовандонаш, Моҳбиро Шарифаву писаронаш ва Боқарқину занаш... Шарифаро ба қозихона хонданд. Рўи хонтахтаи қозихона потеша ва теғи устоӣ меистод. Шарифа гумон кард, ки ин дафъа халосӣ нест. Ба саволи додгустар ҳамон ҳарфи забонзадро такрор кард ва додгустар музтар монда гуфт:
— Ту бояд худдорӣ мекардӣ, зеро медонистӣ, ки гуноҳат аз кўҳ ҳам гаронтар.
— Қозии мўҳтарам, агар ман ба сари ў мерафтам, ўро зада мекуштам, гунаҳкор будам... Ман шарафи худро ҳимоя кардам ва ҳар зан ин корро бояд бикунад... Моҳбии бегуноҳро ў кушт ва ман қасди пиразанро гирифтам, чунон ки медонед, пиразан каси қасосгир надорад, инак ҳар ҳукме бароред, ихтиёр доред.
Додгустар тоқиву дастор андаке пушт тела дода, пешонӣ кафмол кард, чашм пўшида, миёни абрў гиреҳ андохт ва намедонист чӣ кор кунад, чӣ ҳукме барорад.

пешина
аз 421
навбатӣ