Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо рў ба рўи ҳавлӣ, тахминан аз масофаи сесад қадам дами дарғу роғи Говхона истода, медиданд, ки чӣ зайл мардум беқарорӣ доранд, чӣ зайл болои сар, сари китфи ҳамдигар сар халонда, чизеро дидан хоҳанд. Модар яқин кард, ки Бурҳонро дастгир карда, кушта партофтаанд. Одамон барои дидани мурдаи ў ҳамдигарро тела дода пеш гузаштан хоҳанд. Фурў нишаст модар; ба санги бодхўрдаи кандашуда такя зада нишаст ва арақи шўри ба чашмонаш даромадаро пок кард, ба нўги остин пок кард ва ҷониби хонааш нигарист. Эшонбобо, ки қоматаш як сару гардан аз дигарон боло буд, асо бардошта ба мардум чизе мегуфт ва доираи одамонро пас бурдан мехост.
— Бурҳо-о-он!!!
Садои талху тунди модар на танхо Сангинро тарсонд ва Моҳбиро парешон кард, балки мардуми саҳни ҳавлиашонро ба ҳаяҷон овард; ҳама якбора сўи ў нигаштанд ва ба ду тараф ҷудо шуданд.
Барои Шарифа кўчабоғии зинда кушоданд. Оғилу дарахтони пешбанд замини ҳавлии ўро пинҳон мекарданд.
— Шарифабону, натарсед, ун мардуми ҳангомахоҳ чизу чораи рўи ҳавлии шуморо дида, ҳайрон мондаанд, ки...
Шарифа аз зери манаҳи Моҳбӣ сар боло карда, нигарист ва кампирак аз нигоҳи маънидору ғазаббори ў огоҳ гашта сухан дар даҳонаш монд. Маънӣ кашид, ки Шарифа барои аз хонааш ҷудо карда, ба ғор бурдан, барои дар ҳавлиаш мардуми деҳаро ғун оварданаш ҳақорат мекунад.
— Лашу луши хонаро саворон берун овардаанд...
— Аз куҷо медонед? – дилаш раг зада пурсид Шарифа.
— Медонам, Шарифабону. Ман фақат мурданамро намедонам...
Бинед, мардум ба чизу чора дарафтидан мехоҳанд, Эшонбобо намемонанд...
Иззат – духтари девонасурати Моҳбӣ пеши онҳо ҳозир шуд. Механдид. Сўи ҳавлӣ менигаристу механдид, ба чизе ишора мекарду механдид ва баччаҳои рўи ҳавлӣ гирдомадаро маломат мекард:
— Чизнадидаҳо!
Шарифа аз хандаи Иззат хафа нашуд, балки таскин ёфта, оҳи сабук кашид ва кўтоҳакак аз духтар пурсид:
— Чӣ гап?
Иззат ба модар нигарист, ба ҷомаи чаппапўшида, ба саргираки сарозер гирифта менигаристу механдид ва якбора вазъаш дигар мешуд, ҷиддӣ мегашт. Боз механдид ва ишора ба ҷомаи модар мекард.
— Холааш мепурсанд, ки он ҷо чӣ шудааст?
— Куштаанд, партофтаанд...
— Киро? – ҷаҳида хест модар.

пешина
аз 421
навбатӣ