Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шарифа гуфтаашро кард: монанди Моҳбӣ миён дуздонда, борику дароз шуда, аз шахи лағжон гузашт ва аз пасаш садои гўрсӣ ба зер афтидани чизе баромад... Модар карахт шуд. Гўш ба пас дод. Садо намебаромад, ки баробари садо ҷон аз қолаб мебаромада бошад. Оҳиста гардан тофт, то аз писар дарак ёбад.
— Вай санг буд, оча.
Шарифа нишаст; бемадор, ҳайратзада, берўҳ буд. Ба ларза даромад танаш ва гўё одатӣ шуда бошад, дандонҳо ба ҳам зада, садо мебароварданд. Чашм пўшида шукр мекард, ки писараш зинда, санг зада ба ҷаҳаннам. Аз санги лағжон гузашта, паҳлўи харсанги сафед, ки даҳани ғорро гирифта буд, нишаст.
— Шарифабону, чаро баромадед? – воқиф гашта, пеш омад Моҳбӣ.
— Нашуд...
— Ҳо-о, дидед? Сўи Майқада мераванд... Аз зери суми аспон дуд мебарояд... Нафаҳмидам, ки ғоратгаронанд ё кирояҳои Зуҳур.
— Оҳиста-оҳиста, бех-бехи шах ба Говхона бирав ва нигоҳ бикун, ки дар ҳавлиамон касе метобад ё не? – ба писар маслиҳат дод модар.
Моҳбӣ биангошт, ки ҳарфи Шарифа нашунид. Даст ба пешонӣ гузошта, пеши офтоб дошта, аз паси саворони дур рафта нигарист, аммо чизеро надид, балки пеши назараш гўсолаи забонгазидаи чашмбоз, дару тирезаҳои шикаста, лашу луши рўи ҳавлӣ буданд.
Дар дил афсўс мехўрд, худро сабабғори чунин ҳолу аҳвол медонист ва боз шукр мекард, ки онҳоро аз ҳавлӣ баровард, зинда монданд.
Сангин бех-бехи шах тан соида боло рафт, баъд дар хами говхона пинҳон шуд...
— Шарифабону, ҳазор лашкар биёяд ҳам, мана ҳеҷ кор намекунад, дардам – ҳамроҳам... лекин шумо бояд пинҳон шавед.
— Пинҳон мешавам – пинҳон мешавам, ягон хатар пеш ояд, огоҳ кунед, пинҳон мешавам.
Сангин пайдо шуд, башитоб омад, рангпарида, нафастанг ва бо изтироб омад: «Рўи ҳавлӣ пур аз одам, хурду калон метананд...
корашон маълум не, чӣ шуданаш ҳам маълум не, баччу кач тохту тоз доранд. Эшонбоборо дидам, ки асо бардошта ба сари онҳо дод мезананд».
— Тамом, ҳама умедам барбод рафт, – оҳиста гуфт модар ва лаб ба ҳам фишурда, бархост. Калавид. Моҳбиву Сангин доштандаш. – Ба муродашон расиданд. – Базўр зери лабу дандон баромад ин овоз ва ба фарози Говхона нигарист, ки мадори баромадан мекунад ё на. Сар афшонд. Моҳбӣ аз бозуи рост, Сангин аз бозуи чап дошта, муттако шуда баромаданд. Сари фароз нишаст, нафасашро рост кард ва ба Сангин чунон нигарист, ки умраш охир шуда бошад.

пешина
аз 421
навбатӣ