Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гўсола...
— Оҳ, девонеки ман, дуруст гап занӣ, намешавад, холеша тарсондӣ. Гўӣ намешавад, ки гўсоларо куштанд...
Баъд ҳар қадар баччае ки буд, сўи Говхона тохтанд, пушти боғи Мардон бозистоданд ва Моҳбиро ба ишораи ангушт намуда, пик-пиқ ба ханда даромаданд. Моҳбӣ як баччаро пеш хонд, то фаҳмад, ки чӣ ҳодиса рух зада, вай тарсида худро пас кашид.
Дигарон ҳарчанд ўро тела медоданд, ки пеш равад, ў худро пас кашида, пушт мерафт. Баъзе баччаҳо ба либоспўшии Моҳбӣ механдиданд, баъзеҳо бо онҳо ҷанг мекарданд, ки ҷои ханда не, ба Шарифаву Сангин сахт мерасад... Ҷўраҳои Сангин як зайл ба ў менигаристанд, аммо намедонистанд, ки чӣ чор кунанд. Сангинро бо мадади Моҳбӣ монда пеши ҷўраҳо омад ва пурсид:
— Киро куштаанд?
Баччаҳо ба ҳам нигаристанд ва китф дарҳам кашиданд.
— Ун девона мегўяд, ки куштаанд...
— Гўсоларо мегўяд...
Сангин тозон назди модар омад. Зону зад:
— Гўсоларо куштаанд, оча!
Вазъу ҳолат чунон буд, ки Моҳбӣ дида. Фақат мардуми ҳангомахоҳ, баъзе касони дилсўз, ҳаққу ҳамсояҳо, Эшонбобо пайдо шуда буданд. Вале Шарифа дидаро идрок намекард; гўё дар хоб мебинад, аммо сарфаҳм намеравад, ки ин ҳама чӣ маънӣ дорад. Ба чизе дилаш намесўзад, ба чизе нигоҳ намекунад, афсўс намехўрад, наменолад... гўё бояд чунин мешуд. Ҳамин қадар медонист, ки ба Эшонбобо салом додан лозим аст. Гўсолаи забонгазидаи дами дарвоза ўро ҳайрон накард, зеро мурдаи говро дида буд; ба лашу луши рўи ҳавлӣ бепарво буд, зеро партоваш монда, аммо ба дарҳои кандаву тирезаҳои шикаста дилаш сўхт... вале баъд ба ҳамааш садқаи сар гуфт, ки писаронаш зинда... шукр кард.
— Бишарифа, бехабар мондем, вагарна набояд чунин мешуд
– пеш омада дилдорӣ кард Эшонбобо.
— Ба ҳаминаш ҳам шукр, Эшонбобо. Оташ мезаданд, чӣ кор мекардем?
Ва чашми Сангин ба зини пора-пора афтид: наздик ба кундаи тут зини бо бинову таманно сохтаи ў кўҳон ҷудо, муттако ҷудо, хона ҷудо мехобид, ки яқин ба санги буни тут зада шикаста буданд. Сангин барои дигар чизҳои талаву тороҷгашта, мурдаи гову гўсола, валангор шудани дару тиреза чандон гирифта набуд, ки аз дидани оқибати нахустҳунараш нияташ гашт: «Фоли бад».
Хост пораҳои зинро ҷамъ оварад, аз одамон шармид, яқин медонист, ки он қадар валу вайронаро монда, ба як пора чўб часпид, нагўянд...
— Аз паи коратон шавед, баччаҳо!

пешина
аз 421
навбатӣ