Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷўра рамуз гирифт хандаи ўро ва сўи Сангин ишора кард:
— Усто Ҷайнар фотиҳа додагӣ.
— Не, усто Суфрои гунгак...
Аз ҷавоби ноҷои додар Ҷўра ангу манг монд; ба Сангин нигаристу ба Бурҳон, ба Бурҳон нигаристу ба Сангин, ки чӣ гуна шавад. Бурҳон ба Ҷўра нигарист ва китф дарҳам кашид, ки ў ба чӣ ишора дорад ва Сангин худро вазнин гирифта бо корд қоши зин мебаровард.
— Аҷаб зини бузкашӣ... яклухт-дия!
— Боби пушти Суфрои гунгак! – пичинг зад ба ҳарфи ў Сангин.
Ҷўра таъна донист инро. Чангол кушод, то аз гулўи Сангин гирад. Бурҳон пеши роҳи ўро гирифт.
— Надоред, ако, ин як бору ду бор не, зўр, ки омад, Суфрои гунгакро бунёд мекунад.
— Рост-дия, – паст наомад Сангин. – Камари Дукчӣ, пушти Харсанг – хонаи Ҷўраву Суфрои гунгак. Ин гапи ман?
Ҷўра лагад андохт. Сангин корд ба даст парида хест. Хурдаки калонкор неши корд пеш дошта, китф бардоштаву бозу кушода пеш омад. Бурҳон Ҷўраро сар дода, Сангинро боздоштанӣ шуд.
— Аҳмакӣ накун! Ба ман те корда! Очам набаромада те!
«Баччаҳо! Чӣ мағал доред?» садои Шарифа омад. Онҳо баробари шунидани садо ҳамчу чўҷаҳои уқоб хўсида, гардан фурў кашиданд, аммо теғи нигоҳи Сангин ва теғи дасташ ҳоло ҳам кашида буд ҷониби Ҷўра.
— Ҳар дуятро дар Камари Дукчӣ якҷоя накушам...
Ҷўра чизе гуфта натавонист, сирраш ошкор гашт бародарро.
Аз ғазаб Сангинро лату лагад кардан мехост, аммо Бурҳон сахт дошт ўро ва «айб» гуфт. Модар низ аз хона ин ҳарфро такрор карда баромад:
— Айба намедонед? Ду бародар дар як хона созиш надореду аз олам осудагӣ мехоҳед! Шумо осуда не, олам чун осуда шавад?
— Ин кас – эрка... аз бинӣ боло гап зада намешавад... Корди дасташона бинед! Ин кенҷабоятон ба гардани ҳама савор шуданӣ.
— Ҳммм... – мадд кашид ҷониби Ҷўра ва ў рамуз гирифт, ки модар низ мисли Сангин ба кадом коре ишора кунад: «айбро кӣ монад? Маъиб!» Фаҳмид, ки дигар ҳоҷати сухан нест. Модар бисмиллоҳашро гуфт, ба ҳазор далелу Бурҳон андешаи ўро дигар карда нашавад. Барои ҳамин писарон сархам меистоданд, ки маъниаш «тавба» буд. – Заб номаъқул мекунед, хурўсчўҷаҳо!
— Охир ўро бинед, номи маро ба Суфрои гунгак бад мекунад!
– худдорӣ накарда гирист Ҷўра.

пешина
аз 421
навбатӣ