Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дандон ба дандон монд, ки таъсираш то фарқи сар рафт.
«Газак кардааст, бесоҳиб..»
— Холаи Моҳбӣ, ба ин зину банд ман савори Саманд гузарам, ҳама шохзода мегўянд, – аз дари ошхона сар халонда гуфт Бурҳон.
— Аз кадом шоҳзода камӣ, Бурҳониддин? Шоҳзодаҳои маталҳо падар доштанд, ақл надоштанд... Худоро шукр, ақлат дар сарат...
лекин бузкаш нашав! – Моҳбӣ гўё бо ин ҳарф давоми фоҷиаи шавҳарашро гуфт: бузкаши номӣ бузро гирифта, бо пушти Бурсак тоб хўрда, ба Лалм баромада, бо аспон инон ба инон рафта, бузро бароварда, аз сари бораи Хокканак парида мурдааст... Барои ҳамин панҷаи оҳании бузкашиаш дар сари туғ аст... – Бузкаш нашав, шикор бирав!
Бурҳон табассум кард, ки ишорааш бар чист.
— Баччаҳоро ҷеғ зан, чанголу мекунем!
— Шарифабону, баччаҳо калон шудаанд, ту-ту нагўед... Модар писарро шумо-шумо гўяд, мартабааш баланд мешавад... – баъди берун рафтани Бурҳон фармуд Моҳбӣ.
— Медонам, лекин фаромўш мешавад...
Ошхона хомўши хомўш буд. Лекин панҷ тан ҷанголу мегирифтанду фикр мекарданд: Бурҳон Гулсифатро фикр мекард; Шарифаву Моҳбӣ Бурҳону рафторашро, Ҷўра оғилу коҳдону бому бомгўшаро ва Сангин ғам мехўрд, ки зини сохтааш ба зин монанд шавад ё на?
— Ба ман шикорро ёд медиҳед, Бурҳониддин?
Тиккаи Бурҳон дар даст ҳайрон монд, ки чаро модар ба лаҳни Моҳбӣ мегўяд.
— Рост? Чӣ лозим ба шумо шикор?
— Як рўз лозим мешавад... – ба андеша рафт Шарифа, боз гуфтор кард: – Дар табиати мо се мурғи бадхоҳ ҳаст: аккаи хабаркаш, зоғи даҳансиёҳ, чуғзи вайронахоҳ... мехоҳам тухми онҳоро қир кунам. – Рамзомез буд ҳарфи ў, Моҳбӣ фаҳмид ғаразашро, вале Бурҳон аниқтар донистан хост.
— Барои ин тирзаниро омўхтани шумо шарт нест, худам тухмашро мебезам.
— Не, дили шумо намешавад, мурғи бегуноҳро шумо намепарронед, аммо ман... Аз ҷонам сер шудаам.
Бурҳон тиккаи дасташро гўшаи табақ гузошта, бархост, Ҷўраву Сангин ҳам. Чанголу дар гулўи модар дар монд. Моҳбӣ даст пок кард.
— Гўр ман шавам, ба тани ҳама заҳр кардам, – нони дегро рўгардон кард Шарифа.
Бурҳон банди рикобро кўтоҳ кард. Лекин пуштанги Саманд полҳанг буд. Дерёз ба Сангин, ки гўшаи айвонро устохона карда буд, нигарист ва лабханд кард.

пешина
аз 421
навбатӣ