Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Ин чунин: ҷавонмард, ки шудӣ, номатро бо ҳар кас бад мекунанд, ту духтар не-ку! Гуфтан гиранд... Як рўз мебинӣ, ки дигар касро гирифтаӣ. Ҳар рўз номи додот бад мешуд, ки дар фалон деҳа зан дорад, дар фалон шаҳр духтари фалониро гирифтааст... Чӣ, ман ҳар рўз бо ў дастогиребон шавам буд? Чӣ, додот ризқашро дар ҳамин деҳа ёфта наметавонист? Не, гап дар ин не! Мегуфт, ки аз мард бояд нишона монад; нишонаи хуб – фарзанди нек ва ҳунари олӣ. Баъди сарат ҳам бояд гўянд, ки ин писари фалонӣ, ин ҳунари фалонӣ... Қадри мард дар ҳамин.
— Шарифабону! Касе номи мардро бад намекунад. Бадном кару кўру гунгакҳоянд... Агар гунг бошад, гўё ба ҳар нарина метияд, ору номус надорад, шарму ҳаёро намедонад. Пеш омад – хуш омад... Шарифабону, гўед: девона духтарак аст ё касоне, ки чунин андеша доранд?
— Аз девонагӣ ҳам бесоҳибӣ, бекасӣ кўи сахт будааст.
Вале Моҳбӣ ҷавоби саволашро нашунида буд; хаёлаш ба духтараш рафта буд – ба девонекаш, ки на танҳо дар бораи ў низ чунин суханон мегўянд, балки масхара мекунанд, ишора ба коре мекунанд, ки духтараки гаранги бечора мақсаду муроди ўро нафаҳмида ё табассум кунад ва ё ҳарфи ноҷояшро пай бурда санг андозад, баъд гириста хона меояд ва ба пурси модар ҷуз номи он бадандеш чизе гуфта натавонад – ақлаш нарасад ба бисёр корҳо, ба бисёр чизҳо... Гуфти занаки фолбин барои хушбахт шудан, муғамбир бояд буд; ақли девонаҳо ба муғамбирӣ нарасад. Хаёлашон чуноне ба дунё омада бошанд, ҳамон хел бояд бираванд.
Чун девона одами рост дар дунё нест, барои ҳамин гуноҳи кўтоҳақлиашон бахшида мешавад... Вале андешаи Моҳбӣ аз гуноҳи онҳо не, балки аз бегуноҳии эшон; агар гули зағир барин гуноҳ дошта бошанд, ба ғайбату масхараи солимон гуноҳашон мерезад.
Моҳбӣ ғами дигар дорад, ки шояд ягон банда надошта бошад:
ғами танҳоии девонекаш – Иззат. Ҳама ёр меёбанд, сарашон дуто мешавад, дарахташон реша мегирад, бор меорад... вале Иззатаки ў ҳамон хеле ки ҳаст, мемонад; вай ҳамон хел мемонаду Ҷалил
– ҳамон Ҷалиле, ки ба чӣ будани зан ақлаш намедавад. Ба назари Моҳбӣ Худо чунон сохта, ки Иззату Ҷалилро ба ҳам муносиб намедонад; ду девона ба ҳам расида натавонанд. «Як бор таги чодари арўсиро медид...»
— Шикор меравед, Бурҳониддин?
— Ҳо, холаи Моҳбӣ!
Садои суми Саманд аз роҳи пурбарфи Таги Ғор баромад. Чунон садо, ки гўё зери роҳ ковок бошад, мисли хуми холӣ... Бурҳон ҷилави аспро кашид, сар дод, то об хўрдани Самандро баҳона карда андаке истад. Ҳуштак кашид, асп об хўрд. Аз Гулсифат дараке набуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо