Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Арўс ё аз дидани Бурҳон ё аз дашноми падаршў шарм карда, боздаромад ва дили Бурҳон раг зад...
Мергании Бурҳон дар деҳа овоза шуд. Инак аз ў бим доштанд.
Ў шикор мерафту меомад, аммо муродаш сайди кабку харгўш набуд. Муродаш он буд, ки Гулсифат роҳи шикор дигар кардани ўро фаҳмад...
...аммо масъала ранги дигар гирифт: ўро ба қозихона даъват карданд. «Аз садои камони ту арўси усто Карим бачча партофтааст» гуфтанд ва камонашро талаб карданд. Бурҳон тааҷҷуб кард ва вақте ки модараш аз ин сирр огоҳ гашт, ҳайрон монд, ки чун наварўс афгона кунад; ҳоло фурсати бачча карданаш не-ку?!
Чиллааш набаромада. Писарон зудбовар, аммо модари таҷрибаандўхта ба ҳар касу ҳар сухан зуд бовар накунад; гузаронад ҳар гапро, то дер шавад ва таги гап барояд:
— Не, намесупорӣ камонро, вай нишона аз падари ман, аз бобот! – маслиҳат дод модар ва камонро зери коҳи коҳдон карданд.
Камон Бурҳонро лозим буд, барои аз пушти боғи Гулсифат гузаштан. Аммо қозӣ ўро ба ҳоли худ намонад. Гўё ҷои ҷони ин хонадонро ёфта буд: «Камонро супор, вассалом!» Бурҳон арз кард, ки камонро аз тори шахи Гаҳвора ба ҷаҳаннам андохтааст, аммо қозӣ бовар накард: «Шикастаашро биёр!» «Гирифта нашавад, дар қадом ковокӣ андармон гашта, гирифта нашавад, ҳатто ба чашм нарасад» гуфт. Қозӣ бовар накард.
...Саманд худ аз худ даромада омад. Ёдгор ҳам. Саманд аз роҳи мазор омад, Ёдгор аз дарвоза. Бурҳон на инро шинохту на онро.
Ба ў шиносонданд. Бурҳон Самандро хорумол кард, навозиш кард, ҳатто сухан гуфт. Аммо ба Ёдгор дасти вохўрӣ ёзиду чизе напурсид. Саманд тойчаи овардаи ўст – ин аниқ. Лекин Ёдгор писари ўст ё на, надонад. Бовар ҳам накунад, ки писардор бошад. Буду шуд Бурҳону Норӣ як бор пайваста буданд... Омадани Саманд ҳоҷати тафсил надорад, моли емхўр – порагист, аммо маълум нест, ки Ёдгор ба чӣ роҳ омада? Маҷбуран фиристодаанд ё ёд дода?
Шарифа аз хона баромада, аспу Ёдгорро дида, дами дар тўлонӣ истод ва надонист, ки чӣ муносибате кунад. Илоҷи Бурҳону асп ҳаст, вале бо Ёдгор чӣ бояд кард? Ў дар бораи Саманд ҳам, дар бораи Ёдгор ҳам ба Бурҳон гуфта буд. Ҳоло ў ба ҳайвон рағбат дораду ба писар не... Шарифа ба рафтори онҳо нигарад; Самандро пушти луч дида ёдаш ояд, ки онро ба зину бандаш ба роҳи кўҳ сарҳўй карда буд, имрўз безину банд баргаштааст...
— Туро кӣ фиристод, Ёдгор? – пеш омада пурсид момо.
Ёдгор сар хам кард, бо нўги мўкӣ барф тит кард, чизе нагуфт.
Ёд додагӣ барин.
— Хунук хўрдӣ? Биё, даро!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо