Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гулсифат духтари Расули зард. Дар мактаби хонагии Бихалифа хонда, хизматгори даргоҳи онҳо низ буд. Аз рўи баодобу дилнишин буданаш Бихалифа чунин тасмим гирифт, ки ҳам хонад ва ҳам дар хонаи ў бошад ва дарси иловагӣ гирад. Барои ҳамин Гулсифат дар хату савод аз шарикдарсонаш фарқ мекунад ва вақти ба маъракаҳои рўзона рафтани Бихалифа Гулсифат ба ҷои ў дигаронро дарс диҳад. Бурҳон ин чизҳоро намедонист. Гумон кард, ки Гулсифат ё арўс аст ва ё арўсшаванда ва гоҳе ки хабари туй шудани ўро шунид, ба ёр-ёри тўяш нарафт. Модараш ҳам нарафт. Зани Расули зард ўро ба парчабуррон даъват карда буд, аммо нарафт. Чунон ки дили писарро дониста нарафта бошад.
Аммо Шарифа барои ҳарфи мардум нарафт, ки ўро дида ҳар гуна миш-миш кунанд...
Духтарро ёр-ёр карда, ба гузари Таги Ғор бурданд. Бурҳон аз ҳамин ҷо истода, рафти арўсбаронро тасаввур мекард. Баъд дар шахи сафеди Таги Ғор бархўрдани сафедии оташро дида, пеши назар овард, ки арўсро гирди оташ мегардонанд, шўълаи оташ рўи сафеди ўро лолагун созад.
Бурҳон роҳи шикорашро дигар кард. Баъди андешаҳои зиёд, баъди бехобиҳо, баъди беҷуръатиҳо роҳи шикор дигар кард. Ў хурсанд шуда буд, ки ба Ширбадан монанд касро пайдо кард; аммо ба даст оварда натавонист. То андеша кард, то роҳ ҷуст, то ба сари девори Эшон роҳ ёфт, ки ўро рабуданд. Ва инак андеша дорад, ки Гулсифати таълимдида ба писари паканаи усто муносиб нест
– ҳайф шуд. Роҳи шикор роҳи Таги Ғор шуд. Ў рўзона мерафту рўзона меомад ва қадамашро пушти боғи усто Карим суст мекард, то дертар гузарад; зеро агар Гулсифат рўи ҳавлӣ ё даруни боғ бошад, мебинад. Ҳоло рўзҳои барф ҳам ў шикор мерафт, камони душохаи меросиро бардошта, чодарро печонда, корду ғилоф дар миёнбанд кашол карда, мерафту меомад. Дергоҳ нигариста, мегузашт ба ҳавлию ҳарами усто ва эҳтиёт мекард, ки ба чашми усто нахўрад. Аз писари паканаи ба қавли мардум: «норасидаи» ў бим надошт, аммо ғазаби худи усто сахт буд. Мерафту меомад, арўси чилланишинро намедид. Гумон дошт: Гулсифат шарм мекунад, ки рўй ба мардум намояд, зеро чунин духтар ба чунон писар расида, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мувофиқ нест...
Рўзе зоғи сари девори усторо парронда, дар бало монд: аз даруни боғ дашноми қабеҳ омад: «Занҳои дуҷонро тарсондӣ, модарғар!»
Бурҳон донист, ки ин садои устост. Гўш кар кард. Аммо садои усто басанда нашуд. Бозистод Бурҳон, то усто сар аз девор бароварда, ўро дида, ягон чиз гўяд, ҷавоб диҳад, моҷаро шавад ва Гулсифат бурун омада бинад, ки Бурҳон сари девори онҳо ҳозир шудааст.
Лекин усто Карим саги тарсу барин дар ҷояш меҷакид. Паҳлўи хона пайдо шудани ду-се зану духтар ўро шод гардонд. Дид, ки миёни онҳо арўс низ ҳаст... Садои дашноми дастабиринҷии усто ба гўши Бурҳон надаромад.

пешина
аз 421
навбатӣ