Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Шарифаро розӣ кунед, Бурҳону Норӣ оштӣ шаванд...
Шарифа тоб оварда натавонист, чунон аз дар баромад, ки писарон аз тарс ба пешвозаш тохтанд.
— Чӣ шуд, оча?! – тез пурсид Бурҳон.
— Ин гургу рўбоҳҳо боз ба ту дарафтоданӣ!
— Чӣ хел?
— Ту бояд бо Норӣ оштӣ кунӣ... онҳо аз гуноҳи ман гузаранд.
— Чӣ гуноҳ?
— Намедонам... Агар Зуҳурро буз кашиданам бошад, гуноҳ нест, савоб!
...Ва миёни ин талотумҳо як рўзи шодӣ ҳам шуд; Гулсифатро шў доданд – ба писари усто Карими сартарош. Бурҳон баъд фаҳмид, ки Гулсифат ҳамоне будааст, ки вақти аз болои боғи Эшон гузашта, шикор рафтан аз рахна сўи рўдхона шуда, либоси шуста ба об мекашид. Он рўз Бурҳон ҳайрон ба ў нигарист, дилаш ширин фурў рафт. Чашм пўшида кушод ва ўро ба касе монанд кард. Дарёфт:
ба Ширбадан. Бурҳон моили ў шуд. Аммо чашми духтар ба вай афтида, зуд рўй пўшид. Таълими Бихалифа чунин аст. Бурҳон афсуншуда буд... Гулсифат сархам либосҳоро ба об кашид, ғиҷ кард ва корсони лабшикастаро бардошта, аз рахна дарун рафт.
Ҳамон рўз шикори Бурҳон барор гирифг. Дар бозгашт кабкҳои гирди миён бастаашро намоиш дода, аз болои боғ гузашт.
Бурҳон аз он вақт рўздармиён пушти боғи онҳоро гузашта шикор равад ва сайдашро намоиш дода баргардад. Рўзҳои бо Эшон дучор омада аз ў фотиҳа гирад ва дар бозгашт аз сари девор фарёд карда, кабк диҳад, ки ба фотиҳаи ў шикораш барор гирифг.
Аммо таги гап дигар: ў хоҳад, ки ягон бор ба ҷои Эшон Гулсифат баромада кабкро гирад ва Бурҳон як даҳан ҳарф занад. Аммо чӣ ҳарф, надонад. Пасон шукр ғузорад, ки Эшон дар хона будааст.
Зеро баъди фарёд задан дилаш тапад, чашмаш бинаду забонаш кор накунад. Хуб, ки ў набарояд. Ва чун Эшон ба сари девор наздик шуд, Бурҳон ду кабкро аз тасмаи миён кушода диҳад ва дуои ўро шунида равад. Инак дар дунё чизе, касе вуҷуд надорад ҷуз Гулсифат. Гўё ў дар зиндагӣ азобе накашида; гўё модарашро азоб надодаанд; ў дар шиканҷаи амину қозӣ нест... танҳо ҳамин масъала: дидори духтар ўро азоб диҳад, ҳарчанд донад, ки ин кори ношуданист. Зандида гўянд, бадномшуда гўянд, номуросо гўянд ва билохира Эшону Бихалифа ба ў розӣ нашаванд, ки Бурҳон кофир аст, дар мамлакатҳои бегона гашта, кофирӣ омўхтааст. Аз ин рў Бурҳон ҷуръат надорад, ки ин масъаларо ба модар гўяд ё бўи ин гапро барорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо