Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳарфро барои рамуз гирифтан гуфт, то Бурҳон чӣ фармояд.
Ў аҳамият надод. Самандро дастмол кард, ба гардану шонааш тап-тап зад ва аз дил гузаронд: «Ба ҷои ман хизмат кардӣ, қаҳрамонӣ кардӣ».
— Ҷав ҳаст? – сўи модар нигашта пурсид Бурҳон ва дид, ки модар чӣ гуна Ёдгорро дар банди дил пахш карда мегиряд. Сабабашро нафаҳмида рўй тофт ва надид, ки модар чӣ зайл ба ишораи сар будани ҷавро фаҳмонд.
Саманд бе банду каманд дар ҷои муқаррарӣ – гирди яккамех меистод, чашмони калон-калони сиёҳаш мулўҳ не, балки зинда буданд ва бозигар. Ба назари Бурҳон дар чашми ҳубобшакли Саманд замину замон мегунҷид. Ва ў ба чашмони зиндаву рафторҳои рамузфаҳми Саманд гирифтор шуда, сўйи модару Ёдгор нигоҳ накард, то рафтори модар набинад. Ба гумонаш модар барои раҳми Бурҳонро овардан чунин рафтор кунад. «Оштӣ шудани маро хоҳад». Ва чунин рафтор ўро нафорид. Бурҳон хост аспро зин зада, савор аз Таги Ғор гузарад, то донад, ки барои ин кор ҳам ўро ба назди қозӣ хонанд ва ё нағмаҳои қозӣ бо ҳамин тамом шавад. Пас ў зину банд кофт: ба оғил рафт, гўшаҳои айвонро хабар гирифт, наёфт.
— Зину бандашро гум карда омадааст!
Чунин гуфт модар ва аз ошхона лаҷом баровард.
— Ту дар куҷо пинҳон будӣ, ки одамони Зуҳур кофта наёфтандат, Саманд?
Ёдгор аз зери манаҳи бибӣ нигарист, ки чун бо асп сўҳбат кунад. Магар вай мефаҳмад? Чашм ба Саманд дўхт, то чӣ ҷавоб гўяд. Саманд баъди ба сараш андохтани афсор кишна кард, вале кўдак чизе нафаҳмид. Ў боз ба Шарифа нигарист, ки асп чӣ гуфт?
Момо нигоҳи ўро пай набурда чунон ба Саманд нигарист, ки аз ҳазор як маъниашро кўдак намефаҳмид. Чунин нигоҳро нисбати худ ягон бор надидааст, вале ба асп чӣ қадар меҳрубон ва дилсўз нигарад момо. Ёд надорад, ки ягон кас ба ў чунин нигоҳ такдим карда бошад, ҳатто модар ё бобову бибӣ. Модар оварда, аз дарвоза дарун кунаду равад, рўи барфи буни девори Мазор гузораду ғайб занад; боз пайдо карда, дуздвор рабояду дар банди дил пахш карда гиряд; бо қаҳру ғазаб занаду пучаду дуо кунад; боз оғўш кунаду бўяду бўсаду гиряд; аз куҷое як лаб нон пайдо карда, дар нўги остинаш оварда, хўронад; ҳамроҳ дар гўрхонаҳову хонақоҳу мазорҳо пинҳон кунад; ҳамроҳ гирифта, аз касе гурезонад ва боз оварда аз дари инҳо дарун кунад. Кўдаки омўхта ба ҳама кирдору рафтор сар фарорад.
Модарбибӣ ўро ки дид, шод гардад, ягон чизи баҷо кардаашро бароварда диҳад, рў ба рўяш нишаста, ба сару рўяш нигарад, гирди чашмону лабу даҳону пешониашро тоза кунад, баъд хобонданӣ шуда, бағал гирифта алла гўяду гиряд. Вале хоби ў набарад.

пешина
аз 421
навбатӣ