Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Умарро аз ҳад зиёд ғамӣ кард: «Хафа нашав, Умар, надонистам, ки кор ба ин дараҷа расида...» Баъд ишора дорад, ки чӣ қадар падарро дар шаҳрҳои Русия ҷустуҷў кард, пурсон шуд; гап ҳам шунид, ки падари ноқобилаш беному нишон ғайб задааст.
На мурдааш маълум ва на зиндааш; сахт гап шунид, азоб ҳам доданд... Лозим не, ба кӣ лозим? Худаш донад, кифоя..
— Дар паҳлўи гўри бобом-а? – гўри бегиёҳро ба Бурҳон ишора карда, пурсид Ҷўра, ки бародар намедониста бошад. Вале Бурҳон чизе гуфта натавонист, балки даҳон кушода нафас гирифт ва чунин суол боис шуд, ки ашки ашкдонро якбора берун кунад. Шашқатор рехт ашкаш ва гумон кард, ки дар зери хоки зиёд симои падарашро мебинад... Ба назари ў шакли вопасин бор дидааш мондааст, баъд хаёле лангида роҳ рафтанаш; ба муқобили Зуҳур озод сухан гуфтанаш; сар хам накарданаш, паст наомаданаш... Ўро ҳамчун падар ёд дорад ва ҳамчун мард. «Ҳаром мурӣ ҳам, дар диёри хеш бимур, ақаллан зери хок кунандат» мурдаҳои бесоҳибу бенаворо дар мамлакати бегона дида буд, ёд овард...
Бурҳон бо нияте ҳамроҳи Умар ба Некон рафт, ки иморати сохтаи падарро тамошо кунад; шояд Ширбадани зеборо ҳам бинад...
Чашм ба дарвоза дорад, ки ў бозгашти писарро шунида меояд ва ё париён ўро аз осмон фуроварда, рўи ҳавлӣ гузоранд ва...
...ва ин дафъа ҳам ба ҷои Ширбадан Сабзина пайдо шуд – Сабзинаи ноороми меҳрубон корсон тори сар аз дарвозаи боз даромад.
«Тақдир чунин будааст, очаи ман ту будаӣ». Ҳукм кард ў, вале тоқаташ тоқ шуд:
— Аз очам хабаре ҳаст?
Сабзина дилшикаста ба ў нигарист ва сар ҷунбонд.
— Ҳаст…
— Кӣ гуфт?
— Гўё роҳзане дуздида, аммо касе намедонад, ки он роҳзан кист ва дар куҷост... Раммолзан мегўяд инро.
Умар фоли ҷўгӣ донист ин ҳарфро ва рўҳи бардоштааш фурў рафт. Дигар чизе напурсид аз ҳаёти деҳа, бо ҳавас ба болохона нигаристани Бурҳонро пай бурда, бархост ва фармуд, ки Сабзина дари хонаро кушояд. Тамошо карданд болохонаро. Бурҳон падарашро дид, Бобои Наврўзро дид ва Ширбаданро ҳам дид.
Хаёлаш рафт ба гузашта ва бисёр мехост Ширбадан пайдо шавад; ҳам барои Умар хуб аст, ҳам барои ў. Чӣ хел ки Ширбадан дар қиёфааш, дар рангаш нури илоҳӣ дорад, кас мехоҳад ба ў нигарад.
«Шояд ҳарфи раммолзан рост бошад».
— Холаи Сабзина, раммолзан дар куҷост?
— Дар Сўфиён.
— Дар тамоми музофот як раммолзан ҳаст ё...
— Якта, якта...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо