Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба ҷанозаи падаратон ҳам рафта будем... Хешовандон ҳастанд?
— Нестанд...
Чунин ҷавоб дод Умар ва фикр кард, ки ғалат гуфт ё дуруст? Сабзина ба ёдаш омад: «Рафтан лозим, хабар гирифтан лозим...»
— Дилат ганда нашавад, Бурҳон!
— Аз марг гурез нест!
Ҳамин қадар миёни онҳо дилдорӣ шуд. Ва чорёр сари қабри падар рафтанд. «Кадоме иморат сохтанӣ, аз афти кор» – сангтўдаҳои миёни Санглохро дида, гуфт Бурҳон. Сангин ба Ҷўра нигарист ва Ҷўра ба Сангин, вале нагуфтанд, ки ин сангтўдаҳо гўри рамзии модарашон аст. Ҷўра ишорае кард:
— Қатлгоҳ шавад ин ҷо!
— Чӣ хел?
— Ҳар кас гуноҳ кунад, дар ин ҷо сангсор карда кушанд, чун шайтони раҷим.
— Магар дар ин ҷойҳо низ нооромист?
— Нооромист... Раммолзан мегўяд, ки дунё рўи об мелаппад.
Бурҳон ба Умар нигарист. Умар пай бурд, ки ў ба нооромиҳои Русия ишорат кунад – ба шикаст хўрдани инқилоби буржуазӣ.
Овозаи инқилоб ба чор подшох маълум, аммо дар ин диёри дурдаст аз ин чиз огоҳ нестанд. Танҳо раммолзан фол мебинад, ки олам чун киштӣ рўи об лаппад. Умар боз ба Бурҳон нигарист: Улянов хуни бародарашро ситониданист; инро ҳама донанд, танҳо ба мардуми ин ҷо равшан нест...
— Ту рост гўйӣ, Ҷўра?
— Рост мегўм, қатлгоҳ шавад ин ҷо...
Ва забон хоид, то қиссаи бо модараш рух задаро нагўяд. Чунон ки Бурҳону Умар аз имову ишора матлаби якдигарро фаҳманд, Ҷўра ба Сангин зеҳн монд, то аз қиссаи модар забон накушояд.
Аз он ки Санглох на обод, балки қатлгоҳ шавад, дили Бурҳон пурандўҳ гашт. Андеша кард, ки қатлгоҳ барои кӣ шавад? Киро қатл кунанд? Воқеаҳои Русия пеши назар омаданд; яқин кард, ки мазлумон рўзе ҳаққу ҳуқук талаб кунанд ва золимон онҳоро дар ин майдон ба қатл расонанд... Ин қадар пурташвиш аст ин дунё?
«Роҳаташ» дар он дунё. Барои ҳамин касоне, ки дар ин дунё ягон чиз набинанд, умед аз он дунё доранд ва зудтар ба он ҷо рафтан хоҳанд, мисли падари ў. «Ба ҷонаш ҷабр кардааст» чунин фаҳмад Бурҳон. Гўё падар барои ба дидори онҳо расидан худро нобуд сохтааст. Модар гўяд, ки баъди омадан андаке беҳӣ ёфт ва ғами писар ўро кушт. Инак Бурҳон ғам хўрад, дилаш афшурда гардад ва ҳама азоби баталиони коргарӣ, машаққати роҳро хаёлан саргузашт карда, гулўгир шавад ва бикўшад, ки ҳамроҳи туф онро фурў барад, вале дар кому забонаш нам нест. Худро боздоштанӣ шавад.

пешина
аз 421
навбатӣ