Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Во хонем! Во хонем! Во хонем!
Паст-паст садо баровард модар ва Бурҳон ҳама чизро фаҳмид.
Гўё устухон аз гулўяш парид. Садои баланд баровард ва худро дар оғўши модар зад. Ҷўра омад, Сангин омад; ҳар се ба гардани модар даст ҳалқа карданд. Умар ҳам омад ва қиёмат шуд. Гўё усто Қодир нав мурда буд... Ҳамсояҳо омаданд, мардони деҳа омаданд
– ҳама боз ба мурдаи усто гиристанд; гардан гирифтанд, гуфтанду гиристанд, гиристанду гуфтанд. Алами модар тоза шуд ва намедонист, ки зимни гиря кадом нағмаро ба Бурҳон гўяд.
Сангин рўзи дафни падар ин мардумро дида буд; рўзи сангсор эълон шудани модар ҳамин касонро дида буд ва имрўз ҳам бинад.
Ҳамдиёр-дия, ба тўю тамошову азо баробар меоянд... Баъзеҳо бозомадани Бурҳонро шунида омада бошанд, чанде овози гиряро шунида омаданд; яке бунёд кардани мурдаи усто Қодирро дониста омада бошад, дигаре ба гумоне омадааст, ки ҳукми қатли Шарифа амалӣ гаштааст...
Аз ҳама баъд Эшонбобо омад, ки дар Тангӣ офтоб ҳам дер мерасаду хабар ҳам. Баробари омадани Эшон гиря басанда шуд:
Эшон сад бор гуфта, ки гиря фоида надорад, аз паси мурда оби чашм кардан хуб нест. Аммо мардум донистаи худро кунанд – гиря накунанд, сабук нашаванд; гуфта, бунёд карда, нагирянд, дилашон холӣ нагардад ва гўё нагирянд, қарз адо нашавад – қарзи пайвандӣ, ҷигарбандӣ...
Ҷўра гардани Бурҳонро сар дод. Эшонбобо бо Бурҳон оғўшкаш вохўрӣ кард, сонӣ сари дастархон нишаста оят хонд: «Тариқи раҳмат, шоистаи ҷаннат...» гўён даст ба рўй кашид:
— Меҳмон аз куҷо? – пурсид вақти ҳолпурсӣ.
— Аз Некон, писари Ниёз-кончӣ.
— Шуд-шуд, абераи бобои Наврўз... Монанд кардам, барои ҳамин пурсидам, – ошноӣ дод Эшонбобо ва сар ҷунбонд. – Ҳ-а-а, он хел одамон ягон-ягон мешаванд.... Дар ҳар деҳа якта ҳамон хел одам бошад, дунё талотум намешавад.
Умар ба тарҳи рўи Эшонбобо бодиққат нигарист ва нишонаҳои бобокалонро дар симои ў пайдо кард: фақат қомати баланду мўи сафеду озодагӣ не, балки тамкину мулоҳизааш ҳам ба бобокалон монад. Вале аз чизе ё касе бим дорад, ки соате як ё ду бор сурфад
– сурфаро намонад, огоҳӣ барин ё хешро аз чизе огоҳ мекунад ё дигаронро, ки сухан дониста гўянд, қадам оҳиста ниҳанд, бади касро нахоҳанд, дунё кирои «э!» надорад. Ба хаёл равад, худ аз худ гиребони қабои сабзашро дорад; бисёр чиз донад, нагўяд, гўё гуноҳ шавад, беҳуда гуфтан, пур гуфтан ба назари ў гуноҳ аст, зеро миёни даҳ ҳарф албатта як дурўғ гўйӣ.
— Абера гўед... мо рафта будем ба ҷанозаашон! – сар хам кард ў гўё нигарон шуд, то Умар чӣ фармояд. Умар низ давоми сухани ўро шунидан хост:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо