Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамон гуфтааст, ки дунё мисли киштӣ дар рўи об аст?
— Ҳамон...
— Ў аниқ карда тавонад, ки холаи Ширбадан дар куҷост?
— Не, аниқ накард...

...Бурҳон аз ҳама чиз огоҳӣ ёфт: вақте ки қозӣ одам монда, Шарифаро ба додгоҳ бурд, Бурҳон ҳама сирру савдоро фаҳмид, аммо чизе нагуфт. Инак дар дили тангаш ду дунёро бояд гунҷонад; Русия ва кўҳистонро, ки ягон чизаш ба ҳам баробар набуд, монанд набуд, ҳатто дину оинаш. Ва ў мушоҳида дошт, ки кўҳистониён ҳар корро бо дасти росту пои рост сар кунанд, мардуми Русия аз чап сар мекунанд... Ин чиз аҳамият надорад; миёни кўҳистониён ҳам чапдасту чапағай кам нест. Муҳимаш дилу ният рост бошад.
Ба мардуми оддии Русия ҳам, Кўҳистон ҳам озодӣ ва ҳуқуқ лозим аст...
Бародарон то додхона аз паи модар рафтанд ва баъди назди қозӣ даромадани модар Ҷўраву Сангин ҳама кору кирдор ба Бурҳон ҳикоят карданд. Бурҳон ғамӣ нашуд, балки аз рафтори модар шод гашта, ба завқ омад, вале дар гўшаи дилаш сиёҳие буд, ки оқибати ин кор хушӣ надорад. Ҳарчанд ў медонист, ки сар бардоштан лозим, ҳаққу ҳуқуқи хешро дархост кардан лозим, аммо бим дошт: муттако нест, додрас нест, роҳбар нест, роҳнамо нест... беҳуда кас хеш ба гирдоби бало занад. «Лозим, сар равад ҳам, лозим... як сари буррида ҳазор сарро амон медорад. Сар кардан душвор. Сари кор сар шиканад». Ў ангушт мушт кунаду раҳо, мушт кунаду боз. Ба ҳама чиз назари дигар дорад: ба сангтўдаҳои Санглох дигар хел нигарад, ба дари қозихона дигар хел ва ба қозӣ ҳайрон, ки ду бор модари ўро даъват карда, чаро ҷавоб дод, ҳукм бароварду бекор кард? Чаро? Аҷаб он аст, ки амини деҳ на мурад ва на сиҳат шавад; на фалаҷиаш маълум, на саръиаш ва на ақлбохтагиаш...
— Ман медароям, дари қозихонаро шикаста медароям! – ба танг омад Бурҳон.
— Сабр кунед, ако...
— Чӣ хел сабр? Мо се тан! Се тан якҷоя бошад, лашкар! Медонед, ки дунё...
Ва худдорӣ кард. Лозим не ин чизҳоро гуфтан. Буд-набуд бовар накунанд. Ба лафзи фолбинзан бовар кунанд, аммо надонанд, ки дар рўи об лапидани замин чӣ маънӣ дорад. Ё мардум гумроҳанд ё гумроҳ кардаанд... Лекин дар Русия ин маъниро хуб фаҳманд.
Тўдасангҳои Санглох аз дари додхона метобад. Бурҳон бисёр нигарад ба он сў. Бародарон тахмин кунанд, ки сангтўдаҳо ба ў хуш наомаданд: «Нест кунем ҳамаашро, бурда ба рўдхона андозем!»
Ва Бурҳон ҳайрон, ки бародарон чун нияти ўро дарёфтанд...

пешина
аз 421
навбатӣ