Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

вале мисли модари ў кам зане ёфт мешавад, ки ба шавҳар ин қадар хидмат кунад, балки набудагист.
Ва фақат як хидмати шавҳар ҳам не; Ормон ёд надорад, ки аз касе пеш ба ҷогаҳ даромада ва аз касе баъд бедор шуда, хеста бошад. Ў аз офтоб ҳам зиёд кор мекунад – аз чашм кушода хестан, то чашм пўшида хобидан ҷунбуҷўл мекунад ва кас ҳайрон мешавад, ки ин қадар қувват дар куҷои ин зани резапайкар ҷой гирифта бошад. Боз серкорию серҳаракатии ў вақтҳои ба деҳа омадани Ормон равшантар мегардад: баробари намоён шудани ў модар «Очаҷонатон мурад! Дар омаданатон ҷонам», гўён пеш меояд ва сахт-сахт ва дароз-дароз бўй кашида бўсаборон мекунад.
Ормон низ аз пешонии арақшори модар бўсида, ба сару рўи ў менигарад ва сар бар китфи модар гузошта андаке дам мегирад ва гармии овони тифлӣ дар баданаш ҷойшударо бори дигар эҳсос мекунад ва кўфти роҳ аз баданаш рафъ мегардад. Ва вақте ки ў сар мебардораду модар сару рўи ўро дастмол мекунад, Ормон на танҳо бўи модарро пай мебарад, балки аз дастони ў бўи шир, бўи нон, бўи беда, бўи талхшивоғ, бўи деҳқонҷорўб ва бўи алафи тар меояд. Ў дарк мекунад, ки модар дар чанд лаҳзаи охир чӣ қадар корҳоро сомон кардааст... Ў боз андеша мекунад, ки дар ҷои модараш дигар зан мебуд ва ё модари худаш ҳам ин зайл заҳматпеша ва ҷафокаш намебуд, аҳволи пирамард чӣ мешуд? Ва акнун ки модараш танҳо мемонад (аз рўи хаёли Ормон) аҳволи худи ў чӣ мешавад? «Кошкӣ, зудтар тагтару ҷуқуртар мерафтед, ки як дами осуда мезадам...» ҳар гоҳ мегўяд модар, вале Ормон намефаҳмад, ки ин суханони ў ҷиддианд, ё шўхӣ? Ё лаҳзаҳои ба танг омадан ҳамин хел мегўяду боз тавба мекунад, зери лаб тавба мекунад: «Мардакҷон аз гуноҳам гузаред» мегўяд. «Умрама хазон кардед, хазон шавед» ҳам мегўяд. Вале зимни ин сухан чӣ қадар кулфат, шиканҷа, ташвиш, хунобаи дил ниҳон аст, танҳо худаш медонад. Ин ҳама барои озору азоби худаш набувад; бал аз он ки озору азияти шў анҷом пазирад. «Ношукрӣ накун, кампирҷон, баъди сарам ба қадрам мерасӣ...» ҷавоб мегардонад пирамард ва кўшиш мекунад, ки гилаю гузор ва ё хориҳои Гулсифатро ба шўхӣ гардонад. «Келинчак!» гўён ўро ҷеғ мезанад, ба ҳурмати даврони ҷавониашон ва агар табъаш хуш бошад ва ё хуш кардан хоҳад, «Сангинбой!» мегўяд ба ёди бародари дар Ҷанги Бузург шаҳид шудааш, «Кампирҷон!» мехонад, барои хориҳои имрўзааш.
Зорӣ мекунад, тавалло мекунаду суханони ширин мегўяд, суруд мехонад, то дили Гулсифат бардошта бошад, то худаш ҳам аз банди фикру андешаҳои нохуш озод гардад... Вале аз асп фарояд ҳам, аз рикоб намефарояд: доим сиёсаташ ҳаст, зуъм ҳам дорад, қаҳр ҳам. Гулсифат ҳамаи ин чизҳоро даҳ ангушт барин медонад ва баъзан ба суханони ў табассум карда ҷавоб мегардонад, зеро медонад, ки пирамард намебинад. Аммо пирамард чашми дил дорад, ки «Ҳа-а, дуотон аз таги дил не-а, кампирҷон?!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё