Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегўяд. «Аз таги дил, аз таги дил!» тасдиқ карданӣ мешавад Гулсифат, аммо пирамард «Ҳа, нея!» гуфта механдад. Оби чашми ба рўзи сиёҳи ў рехтаи занро намебинад: «Худоё, Худовандо! Дигар ҷонамро бигир, то набинам…»
— Аз таги дил бошад, тамокуятонро намегузаронам, – кўдаки саркаш барин мегўяд пирамард, ки тамоку ба номи Гулсифат бошад.
— Хоҳ гузаронед, хоҳ не! – аз ҷон хуштар мегўяд Гулсифат: – Аз бўяш ҳам безораму аз худаш ҳам. Ба ману шумо кӣ мондаст ҳамин тамокуи бадбўро?
— Кампирҷон, қатори халқ: хар аз хар монад, гўшашро мебуранд.
— Ин гап барои ҷавонҳо, ману шумо нафақахўр.
— Ҳамун нафақая халол карда хўрем-дия, келинчак!
— Намуред, пири беимон, – хандида мегўяд Гулсифат, – нафақаи шумо-я намедонам-ку, нафақаи ман аз шири модарам ҳам ҳалол. Дар вақташ хуб кор кардам – аз худама ки мешиносам, дар колхоз кор мекунам, то ҳозира. Шумо барин ялло гуфта нагаштаам...
Акнун пирию хартозӣ, шумо тамокукор. О, да бири коргар мурам!
— Ҳа, келинчака, келинчака! Як дам намондед, ки дили беғам занем... Беҳтараш рафта об баста бед...
— Обро чӣ кор мекунед? Оббозӣ?
— Гуфтед-ку, тамокуро шакарак задааст, мешўям... Ҳозир мактаббаччаҳо мондагии баргҳоро чида меоранд, зуд-зуд шушта, ҳамел накунем, буғ бароварда, нобуд мешавад. Хезед, келинчак, хезед! – танаи дарахти тути ба он такя зада нишастаашро дастмол карда, сўзани тамокуро ба роғи он халонд ва «ё пирам!» гуфта хест ва ба Гулсифат муроҷиат кард: – Ҷувол дар куҷо, келинчак?
— Дар пуштатон, паси дарахтро хабар гиред!
1 Пирамард хам шуда дастмурўсак ҷуволро ёфт ва ба лаби ҷўй кашола кард:
— Обро сар дода омадед?
Ҷавобе нест...
— А, келинчак! Рафтед?... Нест, – худ ба худ радду бадал кард пирамард. Сонӣ пои бараҳнаашро даруни ҷўй ёзонд, ки об ҳаст ё не. Об ки набуд, даруни ҷўй даромада нишаст, то омадани обро дарёбад. Ҳамин ки об ба танаш расид, «Омад! Омад!» – гўён хурсандӣ кард ва ҷуволи пур аз барги тамокуро каме пештар кашида,

  1. Дастмол карда даста-даста баргро гирифта дар об тар, сонӣ кафмол кард, шакаракҳояшро равонд ва паҳлў ғарам зад.
пешина
аз 279
навбатӣ